https://sputnik.tj/20230713/muallimi-tojik-behtarin-omuzgori-idm-1058246964.html
Муаллими тоҷик беҳтарин омӯзгори ИДМ дониста шуд
Муаллими тоҷик беҳтарин омӯзгори ИДМ дониста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мудири “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” сазовори унвони беҳтарин омзгори Иттиҳоди Давлаҳи Мустақил шуд
2023-07-13T15:35+0500
2023-07-13T15:35+0500
2023-07-13T15:35+0500
дар тоҷикистон
идм
омӯзгор
беҳтарин
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0d/1058247172_0:0:594:335_1920x0_80_0_0_2e883f474b683bd5232ef2b421b7c74d.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Омӯзгори тоҷик, директори "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе" Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони "Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023" гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии "Ҳаракати умумимиллии Бобек"-и Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии "eLIBRARY.RU"-и Русия дода шуд.Ёдовар мешавем, ки қаблан дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, дар озмуни байналмилалӣ омузгори тоҷик аз шаҳри Душанбе ғолиб омада буд, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуда буданд.Чанде пеш дар озмуни ҳарсолаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин донишҷӯён интихоб мешаванд, донишҷӯи тоҷик тавонист мақоми аввалро ба даст биёрад.Додхудо Шарифзода, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон барандаи озмуни "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ - 2023" гардид.Маълум шуд, ки Додхудо соли сеюм аст, ки барои ба мусобиқа дохил шудан талош дошт ва баробари ба даст омадани шонс дарҳол ғолиб омад.
https://sputnik.tj/20230530/javon-tojik-behtarin-donishju-idm-1057431632.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0d/1058247172_10:0:537:395_1920x0_80_0_0_9fdec03f30a372e20bc131aaa7af0d57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, муаллим, омӯзгор, идм, беҳтарин, сазовор, унвон
тоҷикистон, маориф, муаллим, омӯзгор, идм, беҳтарин, сазовор, унвон
Муаллими тоҷик беҳтарин омӯзгори ИДМ дониста шуд
Мудири “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” сазовори унвони беҳтарин омзгори Иттиҳоди Давлаҳи Мустақил шуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Омӯзгори тоҷик, директори "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе" Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони "Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023" гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии "Ҳаракати умумимиллии Бобек"-и Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии "eLIBRARY.RU"-и Русия дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, дар озмуни байналмилалӣ омузгори тоҷик аз шаҳри Душанбе ғолиб омада буд, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуда буданд.
Чанде пеш дар озмуни ҳарсолаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин донишҷӯён интихоб мешаванд, донишҷӯи тоҷик тавонист мақоми аввалро ба даст биёрад.
Додхудо Шарифзода, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон барандаи озмуни "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ - 2023" гардид.
Маълум шуд, ки Додхудо соли сеюм аст, ки барои ба мусобиқа дохил шудан талош дошт ва баробари ба даст омадани шонс дарҳол ғолиб омад.