https://sputnik.tj/20230530/javon-tojik-behtarin-donishju-idm-1057431632.html
Як ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ шуд
Як ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар озмуни ҳарсолаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин донишҷӯён интихоб мешуданд: Донишҷӯи тоҷик низ тавонистааст, ки аз ҳама боло бошад
2023-05-30T11:08+0500
2023-05-30T11:08+0500
2023-05-30T11:14+0500
идм
маориф
дар тоҷикистон
донишҷӯ
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_0:103:3073:1831_1920x0_80_0_0_26c01046f003c22f0956f4f319c5ed93.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Додхудо Шарифзода, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон барандаи озмуни "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ - 2023" гардид. Ба ҷавони 22-сола аллакай дипломи дараҷаи якум ва нишони сарисинагӣ супурда шудааст. Маълум аст, ки ҳоло ӯ дар ихтисоси "сиёсат ва идоракунӣ" таҳсил мекунад. Пас аз хатми таҳсил орзу дорад, ки барои беҳбуди зиндагии ҳамватанон яке аз ноҳияҳоро роҳбарӣ кунад ва иқрор мешавад, ки бо маслиҳати волидонаш донишгоҳро интихоб кардааст. Маълум шуд, ки Додхудо соли сеюм аст, ки барои ба мусобиқа дохил шудан талош дошт ва баробари ба даст омадани шонс дарҳол ғолиб омад. Ректори академия ва роҳбари илмии мавсуф Абдуҳалил Ғафурзода хислатҳои асосии ӯ - матонат ва серталоширо қайд намуда, инчунин эътироф мекунад, ки ӯро ҳамчун муҳаққиқи оянда мебинад. "Мо фикр мекунем, ки муваффақият дар чаҳорчӯби рӯйдодҳои ИДМ ва дастовардҳои он танҳо ибтидо аст", - афзуд ӯ. Ҳоло донишҷӯи беҳтарин дар баробари хондан бо ҷавонон кор мекунад, дар пойтахт бисёр фестивалҳо ташкил мекунад ва дар конфронсҳои байналхалқӣ иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд, нақша дорад, ки дар мавзӯъҳои сиёсӣ ё ҳуқуқӣ унвони докторӣ нависам.
https://sputnik.tj/20230126/vazorat-maorif-donishjuyon-tojik-rusiya-tahsil-1054505110.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_accd50635d774c214d8762fd50163458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавон тоҷик беҳтарин донишҷӯ идм
ҷавон тоҷик беҳтарин донишҷӯ идм
Як ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ шуд
11:08 30.05.2023 (Навсозишуда: 11:14 30.05.2023) Дар озмуни ҳарсолаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беҳтарин донишҷӯён интихоб мешуданд: Донишҷӯи тоҷик низ тавонистааст, ки аз ҳама боло бошад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Додхудо Шарифзода, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон барандаи озмуни "Беҳтарин донишҷӯи ИДМ - 2023" гардид.
Ба ҷавони 22-сола аллакай дипломи дараҷаи якум ва нишони сарисинагӣ супурда шудааст.
Маълум аст, ки ҳоло ӯ дар ихтисоси "сиёсат ва идоракунӣ" таҳсил мекунад.
Пас аз хатми таҳсил орзу дорад, ки барои беҳбуди зиндагии ҳамватанон яке аз ноҳияҳоро роҳбарӣ кунад ва иқрор мешавад, ки бо маслиҳати волидонаш донишгоҳро интихоб кардааст.
"Онҳо 15 сол маро интизор шуданд, ман хоҳиши онҳо, орзуи онҳоро рад карда наметавонам. Орзуи онҳо орзуи ман аст", - эътироф кард ғолиб дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "МИР 24".
Маълум шуд, ки Додхудо соли сеюм аст, ки барои ба мусобиқа дохил шудан талош дошт ва баробари ба даст омадани шонс дарҳол ғолиб омад.
Ректори академия ва роҳбари илмии мавсуф Абдуҳалил Ғафурзода хислатҳои асосии ӯ - матонат ва серталоширо қайд намуда, инчунин эътироф мекунад, ки ӯро ҳамчун муҳаққиқи оянда мебинад.
"Мо фикр мекунем, ки муваффақият дар чаҳорчӯби рӯйдодҳои ИДМ ва дастовардҳои он танҳо ибтидо аст", - афзуд ӯ.
Ҳоло донишҷӯи беҳтарин дар баробари хондан бо ҷавонон кор мекунад, дар пойтахт бисёр фестивалҳо ташкил мекунад ва дар конфронсҳои байналхалқӣ иштирок мекунад.
Ӯ мегӯяд, нақша дорад, ки дар мавзӯъҳои сиёсӣ ё ҳуқуқӣ унвони докторӣ нависам.