https://sputnik.tj/20230713/gulu-giyoh-shirin-nasabzida-khushk-asalparvaron-tojik-1058252187.html
Гулу гиёҳҳои ширин дуруст насабзида хушк шуданд: Нигаронии асалпарварони тоҷик
Гулу гиёҳҳои ширин дуруст насабзида хушк шуданд: Нигаронии асалпарварони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Асалпарварон мегуянд, камбуди боришот дар фасли баҳор ва гармои шадиди сабаби хушк шудани гиёҳу сабзазорҳо гардида, ки ин ба кори онҳо таъсир расонидааст
2023-07-13T19:00+0500
2023-07-13T19:00+0500
2023-07-13T23:37+0500
дар тоҷикистон
суғд
асал
гулу гиёҳ
ҳавои гарм
таъсир
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/73/1028937300_0:146:3110:1895_1920x0_80_0_0_22f79b39f02988743ab46aa29ea3b8f3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Нафароне, ки ба замбури асалпарварӣ дар вилояти Суғд машғуланд иброз мекунанд, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим, гулу гандумзорҳо дуруст рушд накарда хушк шуданд ва чунин вазъ, барои ба даст овардани асали тозаи табиӣ таъсири амиқи манфӣ расонидааст.Абдусаттор Шарифов, яке аз шумори асалпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, даҳаи аввали июл мавсими асалгирӣ мебошад. Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, изҳор намуд, ки ҳоло ҳаҷми ба даст овардани ин навъ маҳсули табиат коҳиш ёфтааст.Абдусаттор мегӯяд, дар пайи гармшавии баланди ҳарорат гулу гиёҳҳо дуруст насабзида хушк шуданд ва аз ин ҳисоб замбурҳо гарду шириниии сабзазорҳоро, ки маҳаки асосии асалӣ табиӣ мебошад, бо худ гирифта натавонистанд.Дигар асалпарварон ҳам изҳор намуданд, ки дар таҷрибаи кории худ, ки солҳои зиёдро фаро мегирад, бори аввал аст, ки ба чунин вазъ ру ба ру шудаанд.Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки давоми соли 2022 замбурпарварони вилоят 1561 тон асал ба даст оварда буданд.Бино ба маълумотҳо асал ҳам аз зумраи маҳсулоти содиротӣ маҳсуб мешавад.Асалпарварони суғдӣ умедворанд, ки соли оянд боду ҳавои табиат мусоид хоҳад шуд ва онҳо ҳосили фаровоне ба даст хоҳанд овард.
https://sputnik.tj/20230621/az-asali-khatlon-gharm-namoishi-khovaling-video-1057837603.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/73/1028937300_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_779562b8f1ac7b47f17afd4db3166b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, асалпарварӣ, гул, гиёҳ, нигаронӣ, гармо, таъсир, гулу гиёҳ, кишоварзӣ
тоҷикистон, суғд, асалпарварӣ, гул, гиёҳ, нигаронӣ, гармо, таъсир, гулу гиёҳ, кишоварзӣ
Гулу гиёҳҳои ширин дуруст насабзида хушк шуданд: Нигаронии асалпарварони тоҷик
19:00 13.07.2023 (Навсозишуда: 23:37 13.07.2023) Эксклюзив
Асалпарварон мегуянд, камбуди боришот дар фасли баҳор ва гармои шадиди сабаби хушк шудани гиёҳу сабзазорҳо гардида, ки ин ба кори онҳо таъсир расонидааст
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Нафароне, ки ба замбури асалпарварӣ дар вилояти Суғд машғуланд иброз мекунанд, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим, гулу гандумзорҳо дуруст рушд накарда хушк шуданд ва чунин вазъ, барои ба даст овардани асали тозаи табиӣ таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Абдусаттор Шарифов, яке аз шумори асалпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, даҳаи аввали июл мавсими асалгирӣ мебошад.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, изҳор намуд, ки ҳоло ҳаҷми ба даст овардани ин навъ маҳсули табиат коҳиш ёфтааст.
“Имсол ҷараёни асалгирӣ сустар. Солҳои қаблӣ дар чунин мавсим ҳар як замбур дар дохили қуттӣ то 14 – 16 ром асал меовард. Имсол асалдиҳии замбурҳо то 6 – 7 ром кам шудааст” – зикр кард, асалпарвар.
Абдусаттор мегӯяд, дар пайи гармшавии баланди ҳарорат гулу гиёҳҳо дуруст насабзида хушк шуданд ва аз ин ҳисоб замбурҳо гарду шириниии сабзазорҳоро, ки маҳаки асосии асалӣ табиӣ мебошад, бо худ гирифта натавонистанд.
Дигар асалпарварон ҳам изҳор намуданд, ки дар таҷрибаи кории худ, ки солҳои зиёдро фаро мегирад, бори аввал аст, ки ба чунин вазъ ру ба ру шудаанд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ки давоми соли 2022 замбурпарварони вилоят 1561 тон асал ба даст оварда буданд.
Бино ба маълумотҳо асал ҳам аз зумраи маҳсулоти содиротӣ маҳсуб мешавад.
Асалпарварони суғдӣ умедворанд, ки соли оянд боду ҳавои табиат мусоид хоҳад шуд ва онҳо ҳосили фаровоне ба даст хоҳанд овард.