https://sputnik.tj/20230713/dushanbe-jalbi-mutashakkilona-muhojiron-rusiya-1058242185.html
Дар Душанбе масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия баррасӣ шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Русия ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия баррасӣ шуд
2023-07-13T13:00+0500
2023-07-13T13:00+0500
2023-07-13T13:22+0500
дар тоҷикистон
душанбе
баррасӣ
муҳоҷират
ҷалб
кор
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0d/1058242017_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5023418ebd4a414711db6e8c01235294.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ин масъала ахиран дар дафтари Намояндагии МДБ "Маркази сершуғли муҳоҷират" - и шаҳри Маскав дар Тоҷикистон дар мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ бо муовини якуми директори генералии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав "Маркази сершуғли муҳоҷират" Нуждин Олег баррасӣ шуд.Бино бар иттилои манбаъ ҳамчунин дар ин мулоқот муовинони раисони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Рӯдакӣ иштирок доштанд.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия марвиди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки тибқи талаботи кордиҳандаи хориҷӣ омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар яке аз чорабиниҳои сафарбаркунии муташаккилона буда, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, заминаҳои таълимӣ ва раванди омода намудани кадрҳои коргарӣ, ҳайатаи ҷониби Русия аз муассисаҳои давлатии таълимии шаҳри Душанбе, дидан кард.Аз ҷумла ҳайати Русия аз МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмон”, “Литсейи касбии дӯзандагӣ”, “Литсейи касбии политехникӣ” ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуданд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои фаъолияти самарабахши минбаъда созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии болозикр ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва "Маркази сершуғли муҳоҷират"-ро ба имзо расониданд.
https://sputnik.tj/20230619/muhojirat-tijorat-rahmon-husnullin-barrasi-1057798827.html
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0d/1058242017_69:0:1889:1365_1920x0_80_0_0_84650f47ed468ae91433373c156cd9ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, муҳоҷират, ҷалб, муҳоҷирон, масъала, баррасӣ, фаъолият
тоҷикистон, душанбе, муҳоҷират, ҷалб, муҳоҷирон, масъала, баррасӣ, фаъолият
Дар Душанбе масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия баррасӣ шуд
13:00 13.07.2023 (Навсозишуда: 13:22 13.07.2023) Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Русия ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ин масъала ахиран дар дафтари Намояндагии МДБ "Маркази сершуғли муҳоҷират" - и шаҳри Маскав дар Тоҷикистон дар мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ бо муовини якуми директори генералии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав "Маркази сершуғли муҳоҷират" Нуждин Олег баррасӣ шуд.
Бино бар иттилои манбаъ ҳамчунин дар ин мулоқот муовинони раисони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур ва Рӯдакӣ иштирок доштанд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия марвиди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки тибқи талаботи кордиҳандаи хориҷӣ омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар яке аз чорабиниҳои сафарбаркунии муташаккилона буда, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, заминаҳои таълимӣ ва раванди омода намудани кадрҳои коргарӣ, ҳайатаи ҷониби Русия аз муассисаҳои давлатии таълимии шаҳри Душанбе, дидан кард.
Аз ҷумла ҳайати Русия аз МДТ “Литсейи касбии техникии сохтмон”, “Литсейи касбии дӯзандагӣ”, “Литсейи касбии политехникӣ” ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои фаъолияти самарабахши минбаъда созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии болозикр ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва "Маркази сершуғли муҳоҷират"-ро ба имзо расониданд.