Киштиҳои обхокии Қрим бо чархболҳо Ка-65 "Минога" муҷаҳҳаз мегарданд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкУдарный вертолет Ка-52
Ударный вертолет Ка-52 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Шореҳи низомӣ мегӯяд, амалиёти вижаи низомӣ суръати баланди сохтани киштиҳои навро барои нерӯҳои дарёии Русия паст накардааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Барномаи Президентии киштисозӣ барои то соли 2050 аз рӯи нақша амалӣ шуда истодааст, амалиёти вижаи низомӣ суръати баланди сохтани киштиҳои навро барои флоти ҳарбӣ-баҳрии Русия паст накардааст, қайд менамояд шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Дар заводи “Залив” дар Керч ду киштии мукаммали десантии (УДК) намуди 23900 ("Иван Рогов" ва "Митрофан Москаленко") сохта шуда истодааст, ки онҳо то баромадан ба баҳр – то соли 2028 - чархболҳои навтарини саҳникиштигии Ка-65 "Минога" мегиранд, санҷишҳо бо болҳои мукаммали авиатсионии пурра оғоз меёбанд.
Дар бортҳои киштиҳои ҳаматарафаи десантӣ ба таври доимӣ чархболҳои зиддизаврақии Ка-65 "Минога", чархболҳои бисёрҳадафаи зарбазани Ка-52К "Катран", дидбонҳои радиолокатсионии Ка-31 ва чархболҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдҳии Ка-27ПС (ҳамагӣ наздик 20 чунин чархболҳо) ҷойгир хоҳанд буд.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Украина манбаи фарзандхонӣ барои ИМА шудааст
Таҳияи чархболҳои зарфиятии Ка-65 барои нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия соли 2016 оғоз гардида буд, шартнома дар бораи лоиҳаи техникии чархболҳои “Минога” дар ҷараёни ҳамоиши низомӣ-техникии "Армия-2020" ба имзо расида буд. Чархболҳои навтарин чунин мошинҳои зиддизаврақии Ка-27-ро, ки чор даҳсола инҷониб дар флот хизмат мекунанд, иваз менамоянд..
Пештар директори кулли холдинги "Вертолети России" Андрей Богинский изҳор дошт, ки намунаи таҷрибавии чархболи Ка-65 бори нахуст парвозро соли 2025 анҷом медиҳад. Истеҳсоли оммавии он на дертар аз соли 2028 оғоз меёбад.
Чархболҳои "Минога"-ро аз рӯи нақшаи “камовӣ” таҳия мегарданд – бо ду парраҳои ҳаммеҳвар. Лоиҳа бо истифода аз технологияҳо ва таҷҳизоти нав аз сифр таҳия гардида истодааст. Бинобар ин, Ка-65 бо муҳаррикҳои дорои ду турбинаҳои газии ТВ7-117ВК - ҳар кадоме дорои 3000 қувваи асп – боиқтидортар ва сабуктар аз чархболи “собиқадор”-и Ка-27 мешавад.
Идоракуни муҳаррикро системаи автоматикунонидашудаи рақамии БАРК-6 сода мегардонад. Ба маҷмааи яроқи "Минога" намунаҳои беҳтарин ва аз ҳама самараноки комплеки саноатии ҳарбии русиягӣ ворид мешаванд.
Дастгоҳҳои радиоэлектронӣ бо системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии ҷанг ва низомиён якҷоя карда шудаанд. Маҷмааи рақамии насли нав интиқоли маълумоти видеоӣ, нишондиҳандаҳои РЛС, навигатсия ва ҳам алоқаи овозиро таъмин менамояд.
Международный форум Примаковские чтения. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Киссинҷер: ИМА бовар надоранд, ки артиши Украина зимни ҳамлааш Қримро бармегардонад
Намудҳои десантӣ, зиддизаврақӣ ва нақлиётӣ, ҳамзамон – арктикии Ка-65 пешбинӣ карда шудааст – бо системаи навигатсионии беназир, бо маҷмааи гармидиҳии иловагӣ ва бо таҷҳизот барои ба кор даровардани муҳаррики асосӣ дар сурати паст будани ҳарорати ҳаво.
Сохтани намуди бесарнишини Ка-65 низ (бо фармоиши Вазорати дифои Русия) аз эҳтимол дур нест.
"Минога" муаммоҳои иктишофӣ (ҷосусӣ), вазифаҳои зиддизаврақӣ ва десантиро ҳал хоҳад намуд - аз саҳни киштӣ ё фурудгоҳҳои наздисоҳилӣ истода, новобаста аз вазъи обу ҳаво ва фосилаи шабонарӯз кор мекунад. Ҳамаи киштиҳои русиягӣ – аз корвет (киштиҳои ҳарбии сесутуна) сар карда то киштиҳои тезгарди ҳарбии тайёрабар, ки чархболҳои Ка-27 – ро қабул карда метавонанд, “Минога”-и навро низ бурда метавонанд.

Хислатҳои асосӣ

Маълумот дар бораи суръат, дурии парвоз, қобилияти борбардории Ка-65 дар манбаҳои кушод мавҷуд нестанд. Аммо, имкониятҳои чархболҳои пешина ба хубӣ маълуманд.
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Байден: Пазириши Украина ба узвияти НАТО мунҷар ба ҷанг бо Русия хоҳад шуд
Чархболи зиддизаврақии Ка-27 имкон дорад киштиҳои зериобии душманро дар умқи то 500 метр, дар масофаи 200 км аз пойгоҳ ошкор намояд (аз рӯи интиқоли маълумот). Амалан, дурии парвоз – 800 км, суръати ниҳоӣ – 270 км/соат.
Яроқу аслиҳаи дар Ка-27 буда имкон медиҳад ба киштии зериобии душман бо мушакҳои АПР-2 ва АПР-3, хумпораҳои хурдҳаҷми УМГТ-1, бомбаҳои баҳрии ОМАБ-25-12Д ва ё ОМАБ-25-8Н ҳуҷум кунад. Ҷуфти Ка-27ПЛ имкон медиҳад то то 2000 километри квадратӣ акватория пӯшонида шавад.
Намуди ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Ка-27ПС дорои ғалтаки иқтидори борбардориаш 300 кг мебошад. Ин чархбол ҳангоми то 5 бал будани лаппиши мавҷи баҳр низ фаъолият бурда метавонад, дорои ченаки автоматикунонидашудаи парвоз ба нуқтаи додашуда мебошад.
Мантиқан, тахмин задан мумкин аст, ки ҳамаи намудҳои чархболҳои навтарини Ка-65 "Минога" аз ҳамтои пештараи худ - чархболи Ка-27 - пуриқтидортару мукаммалтаранд.
Зарур аст имконияти намуди асосӣ - УДК-и лоиҳаи 23900-ро низ ба назар гирем. Ин кишти аз рӯи ҳама нишондиҳандаҳо аз чархболбари фаронсавии Mistral афзалият дорад. Дар борти УДК-и русиягӣ чархболҳои Ка-65 имконияти дар минтақаҳои аз соҳилҳои ватанӣ то 6000 мили баҳрӣ дур амал намуданро доранд, яъне ки дар дилхоҳ ҳавзаи уқёнуси ҷаҳонӣ.
Ба ду адад киштии мукаммали десантӣ (УДК)-и чархболбари лоиҳаи 23900, ки ғунҷоиши обашон 40 000 тонн мебошад, дар заводи киштисозии "Залив" дар Керч (дар масофаи 8 километр аз кӯпруки Қрим) 20 июли соли 2020 асос гузошта шуда буд.
Тибқи нақша аввал ба баҳр киштии мукаммали десантии (УДК) "Иван Рогов" мебарояд. Докҳои хушк (иншоотҳо барои сохтани киштиҳо) имкон медиҳанд, ки дар завод дар Керч киштиҳову сафинаҳо бо дарозии то 350 метр ва бо бари то 58 метр, бо ғунҷоиши оби то 300 000 тонна, ду ва ё се тана ба якборагӣ - сохта шаванд.
Села на освобожденной территории в Донецкой области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Намояндаи Русия дар Вена гуфт, ки ИМА дар Украина мағлуб мешавад
Мутахассисони ин корхона таҷрибаи сохтани киштиҳои ҷангии дараҷаи 2 ва 3 ва киштиҳо бо манбаи нерӯи ҳастаиро доранд.
Баъд аз бозгашти Қрим ба Русия "Залив" барои сохтани 22 киштӣ ва сафинаҳо барои Вазорати дифои Русия фармоиш гирифт – барои чанд соли оянда кор мерасад.
"Ростех" (дар ҳайати кадоме ходинги "Вертолети России" амал менамояд) дар бораи омодагиаш бобати минбаъд ҳам ривоҷ додани ҳаҷми истеҳсоли яроқу аслиҳа барои Вазорати дифои Русия хабар дод.
Мувофиқи асосҳои сиёсати давлатӣ, Русия “дар нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ба афзалияти назарраси қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии дигар давлатҳо бар нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия роҳ намедиҳад ва бар он мекӯшад, ки дар ҷаҳон аз рӯи имкониятҳои ҷангӣ мақоми дуюмро дар худ нигоҳ дорад”.
Лентаи хабарҳо
0