Омори маргу мир дар роҳҳои Хатлон

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Обуна шудан
Дар Раёсати корҳои дохилии вилоят таъкид намуданд, ки барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА ҳамарӯза корбарӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 155 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод раёсати корҳои дохилии минтақа.
Ба иттилои мақомоти умури дохилии Хатлон, бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар шаш моҳ моҳи соли равон ҳудуди 100 нафар ба ҳалокат расиданд. Инчунин, ҳудуди 160 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ таъкид мекунанд, ки аз сабабҳои маъмултарини садамаҳо нақзи қоидаҳои ҳаракат - аз тарафи ронандагон баланд бардоштани суръат мебоошад.
Беназорат гузоштани кӯдакону ноболиғон дар канори роҳҳои мошингард аз сабабҳои дигари рух додани садамаҳо гуфта мешавад. .
Таъкид мешавад, ки барои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз ҷониби кормандони БДА-и вилояти Хатлон ҳамарӯза корбарӣ сурат мегирад.
Косуля в зоне отчуждения Чернобыльской АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Мошин бо 4 тоҷик дар Саратов ба буз бархӯрду дучори садама шудаст
Аз ҷумлаи садамаҳои охири пурқурбонӣ, ки ВКД аз он хабар дод, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран се нафар қурбони як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ шуданд. Фоҷиа дар километри 237-уми ин роҳ, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, ронандаи 34-солаи худрави тамғаи Toyota Land Cruiser ҳангоми ҳаракат ба самти ВМКБ идораи мошинро аз даст дода, ба хатти муқобил баромад ва ба мошини Opel Meriva бархӯрд.
Дар натиҷаи зарба, ронандаи 36-солаи Opel ва ду мусофири 37 ва 56-сола ба ҳалокат расиданд. Илова бар ин, ду нафар аз мошини Toyota, мусофирони 66 ва 64-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Лентаи хабарҳо
0