https://sputnik.tj/20230522/moshin-tojik-saratov-duchori-sadama-1057285342.html
Мошин бо 4 тоҷик дар Саратов ба буз бархӯрду дучори садама шудаст
Мошин бо 4 тоҷик дар Саратов ба буз бархӯрду дучори садама шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Саратов сабаби садамаи мошини ҳомили тоҷикистониҳоро бархӯрд бо ҳайвон арзёбӣ намудаанд
2023-05-22T14:05+0500
2023-05-22T14:05+0500
2023-05-22T14:05+0500
дар русия
муҳоҷират
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
маҷруҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042443458_0:180:1997:1303_1920x0_80_0_0_1fe2bff57f99ea7905934c7f029b9c7a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Як мошини мусофирбар дар шоҳроҳи вилояти Саратов ба чуқурии канори роҳ чаппа шуд, хабар дод вазири тандурустии минтақа, Олег Костин дар саҳифааш дар Telegram. Ба иттилои Костин, ин худрав ҳомили чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон будаст, ки дар пайи чаппа шудани он маҷруҳ гардидаанд. "Ҳодиса соати 5.35 (4.35 ба вақти Маскав) дар километри 542-юми шоҳроҳи Ф-298 дар қитъаи Дергачӣ-Озинки рух додааст", - таъкид намудаст ӯ. Вай аз зарардидаҳо мардони 18, 27, 33 ва 41-сола ном бурдаст, ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Ба иттилои вазири тандурустии Саратов, осебдидаҳо ҷароҳатҳои гуногун, аз латхӯрӣ, ҷароҳатҳои пӯшидаи мағзи сар ва ларзиши мағзи сар ташхис шуда, табибон вазъи онҳоро миёна арзёбӣ мекунанд.Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Раёсати БДА-и вилоят ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки дар наздикии деҳаи Модини ноҳияи Озинский як мошини тамғаи “Лада Ларгус” ба як бузи ваҳшӣ бархӯрда, аз роҳ берун шудааст.Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳолатҳои рух додани садама бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд, ки асосан дар роҳ ба марзи Қазоқистон рух медиҳанд. Ба он ҷо тоҷикистониҳо барои убури марз мераванд, ки барои таҳияи аснод расмиёти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20230502/muhojiri-tojik-ekaterinburg-firor-moshin-hamvatan-barkhurd-1056832268.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042443458_0:0:1737:1303_1920x0_80_0_0_729906b9a0730c8950bb111090190c58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаб, садама, дучор, саратов, тоҷик
сабаб, садама, дучор, саратов, тоҷик
Мошин бо 4 тоҷик дар Саратов ба буз бархӯрду дучори садама шудаст
Мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Саратов сабаби садамаи мошини ҳомили тоҷикистониҳоро бархӯрд бо ҳайвон арзёбӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Як мошини мусофирбар дар шоҳроҳи вилояти Саратов ба чуқурии канори роҳ чаппа шуд, хабар дод вазири тандурустии минтақа, Олег Костин дар саҳифааш дар Telegram.
Ба иттилои Костин, ин худрав ҳомили чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон будаст, ки дар пайи чаппа шудани он маҷруҳ гардидаанд.
"Ҳодиса соати 5.35 (4.35 ба вақти Маскав) дар километри 542-юми шоҳроҳи Ф-298 дар қитъаи Дергачӣ-Озинки рух додааст", - таъкид намудаст ӯ.
Вай аз зарардидаҳо мардони 18, 27, 33 ва 41-сола ном бурдаст, ки ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.
Ба иттилои вазири тандурустии Саратов, осебдидаҳо ҷароҳатҳои гуногун, аз латхӯрӣ, ҷароҳатҳои пӯшидаи мағзи сар ва ларзиши мағзи сар ташхис шуда, табибон вазъи онҳоро миёна арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Раёсати БДА-и вилоят ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки дар наздикии деҳаи Модини ноҳияи Озинский як мошини тамғаи “Лада Ларгус” ба як бузи ваҳшӣ бархӯрда, аз роҳ берун шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳолатҳои рух додани садама бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд, ки асосан дар роҳ ба марзи Қазоқистон рух медиҳанд. Ба он ҷо тоҷикистониҳо барои убури марз мераванд, ки барои таҳияи аснод расмиёти зарурӣ ба ҳисоб меравад.