IRS роҳи Душанбе - Чаноқро навсозӣ мекунад

© Фото : Пресс-служба IRSРемонт на трассе Душанбе - Чанак
Ремонт на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД", ки ба ҷамъоварии маблағ дар ягона роҳи пулакии Тоҷикистон машғул аст, дар мавриди навсозиҳо гузориш дод
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ширкати IRS барои таъмиру навсозии роҳи Душанбе - Чаноқ дар мавсими имсола зиёда аз 30 ҳазор тон асфалт истифода хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти IRS иттилоъ дода, афзуд, ки ширкат дар давоми фаъолияташ зиёда аз 2 млн метри мураббаъ роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру навсозӣ намуда, дар маҷмӯъ беш 250 ҳазор тон асфал истифода намудаст.
Ширкат мегӯяд, бо фарорасии гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шуруъ шуда, мутахассисону техникаи лозимӣ ба ин кор сафарбар гардидаанд.
Дар маҷмуъ гуфта мешавад, ки ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Содироти маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба 7 кишвари ИДМ
Таъкид шудааст, ки ширкат корхонаҳои асфалтбарориро ба истифода додааст. Аз ҷумла дар минтақаи Варзоб 2 корхонаи асфалтбарорӣ, Зарафшон - 2, Суғд - 3 корхона, дар маҷмӯъ, 7 корхонаи асфалтбарориро мавриди истифода қарор додаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум” сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0