Содироти маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба 7 кишвари ИДМ

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкФуры на трассе, архивное фото
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти Хуҷанд хабар додааст, ки саноати шаҳр ба 739 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки бештар аз 213 миллион сомониаш ба хориҷи кишвар содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мегарданд.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд бештари маҳсулоти саноатии шаҳр ба кишварҳои ҳамсуд содирот мешавад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз Хуҷанд ба кишварҳои ИДМ маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва ғайра содирот мешавад.
Ба иттилои шаҳрдории пойтахти вилояти шимоли Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон 34 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Мақомоти Хуҷанд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт
Манбаъ қайд кардааст, ки аз ҷониби 108 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 47,4 млн. сомонӣ ё 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин марҳила аз 168 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 112 намуд ё 66,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100% таъмин карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0