https://sputnik.tj/20230710/vashington-jinoyat-ukraina-iqror-saforati-rusiya-1058171424.html
Вашингтон ба ҷиноятҳояш дар Украина иқрор шуд - Сафорати Русия
Вашингтон ба ҷиноятҳояш дар Украина иқрор шуд - Сафорати Русия
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷумъа Пентагон як бастаи нави кӯмаки низомӣ ба Украинаро эълон кард, ки барои аввалин бор бомбҳои кассетӣ дар бар мегирад.
2023-07-10T11:05+0500
2023-07-10T11:05+0500
2023-10-02T18:29+0500
има
русия
украина
дар ҷаҳон
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032447795_340:0:2000:934_1920x0_80_0_0_89b0976fa72eac82ee27a41af5771a57.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сафорати Русия дар Вашингтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо ишора ба ирсоли бомбаҳои хушаӣ ба Киев, воқеан содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украинаро эътироф кардааст, менависад РИА Новости. Қаблан ҳамоҳангсози иртибототи стратегӣ дар Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирби тасмими мувофиқи раисиҷумҳур Ҷо Байденро бо зарурати “ҷуброн” кардани камбуди лавозимоти ҷангии муқаррарӣ, ки Вашингтон ба артиши Украина интиқол медиҳад, асоснок карда буд. Тавре дар намояндагии дипломатӣ қайд карда шуд, ки мантиқи амалҳои маъмурияти Амрико дар Украина ба принсипи "аз ин ҳам бадтар нахоҳад шуд". Тибқи ин шарҳ, Иёлоти Муттаҳида омода аст ҳама чизеро, ки аз қаламравҳои худ дур аст, бо дасти украиниҳо нобуд созад. Сафорати Русия ба хулосае омад, ки амалҳое ба мисли ирсоли бомбаҳои хушаӣ асосан ба шикасти стратегӣ ба Русия, ки воқеан "халқу замини худро дифоъ мекунад" аст. Ахиран Пентагон бастаи ҷадиди кумакҳои низомӣ ба Украинаро эълом кард, ки барои аввалин бор снарядҳои тӯпхонаи навъи 155 мм DPICM-ро дар бар мегирад. Инҳо бомбаҳои хушаӣ ҳастанд, ки бо як конвенсияи байналмилалӣ манъ шудааст, ки 123 кишвар онро ба тасвиб расонидааст, аммо ИМА ва Украина дар миёни онҳо нестанд.
https://sputnik.tj/20230626/ima-asliha-gharb-ukraina-shikast-najot-1057909531.html
има
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032447795_665:0:1910:934_1920x0_80_0_0_e41fbcea838e179cdca4e5fef4d3d4f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вашингтон ҷиноят украина сафорат русия
вашингтон ҷиноят украина сафорат русия
Вашингтон ба ҷиноятҳояш дар Украина иқрор шуд - Сафорати Русия
11:05 10.07.2023 (Навсозишуда: 18:29 02.10.2023) Рӯзи ҷумъа Пентагон як бастаи нави кӯмаки низомӣ ба Украинаро эълон кард, ки барои аввалин бор бомбҳои кассетӣ дар бар мегирад.
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Сафорати Русия дар Вашингтон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо ишора ба ирсоли бомбаҳои хушаӣ ба Киев, воқеан содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украинаро эътироф кардааст, менависад РИА Новости.
Қаблан ҳамоҳангсози иртибототи стратегӣ дар Шӯрои амнияти миллии ИМА Ҷон Кирби тасмими мувофиқи раисиҷумҳур Ҷо Байденро бо зарурати “ҷуброн” кардани камбуди лавозимоти ҷангии муқаррарӣ, ки Вашингтон ба артиши Украина интиқол медиҳад, асоснок карда буд.
"Кирби де-факто содир кардани ҷиноятҳои ҷангиро аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида дар замони муноқишаи Украина иқрор кард. Вай ошкоро изҳор дошт, ки шаҳрвандони осоишта аз силоҳи хушаии Амрико мемиранд", - омадааст дар шарҳи сафорат.
Тавре дар намояндагии дипломатӣ қайд карда шуд, ки мантиқи амалҳои маъмурияти Амрико дар Украина ба принсипи "аз ин ҳам бадтар нахоҳад шуд".
Тибқи ин шарҳ, Иёлоти Муттаҳида омода аст ҳама чизеро, ки аз қаламравҳои худ дур аст, бо дасти украиниҳо нобуд созад.
Сафорати Русия ба хулосае омад, ки амалҳое ба мисли ирсоли бомбаҳои хушаӣ асосан ба шикасти стратегӣ ба Русия, ки воқеан "халқу замини худро дифоъ мекунад" аст.
Ахиран Пентагон бастаи ҷадиди кумакҳои низомӣ ба Украинаро эълом кард, ки барои аввалин бор снарядҳои тӯпхонаи навъи 155 мм DPICM-ро дар бар мегирад.
Инҳо бомбаҳои хушаӣ ҳастанд, ки бо як конвенсияи байналмилалӣ манъ шудааст, ки 123 кишвар онро ба тасвиб расонидааст, аммо ИМА ва Украина дар миёни онҳо нестанд.