Дар ИМА гуфтанд, ки чаро аслиҳаи ғарбӣ Украинаро аз шикаст наҷот намедиҳад

© AP / Martin MeissnerНемецкий танк Leopard 2
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар ҳаво бартарии назаррас доранд ва ҳавопаймоҳои Нерӯҳои ҳавоии ФР аз ҷиҳати технологӣ аз ҳавопаймоҳои Украина болотаранд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Таҷҳизоти низомии ғарбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бинобар сабаби самаранокии силоҳи Русия аз шикаст наҷот намедиҳад.
Дар ин бора таҳлилгари нашрияи Atlantic Филлипс Пейсон О'Брайен изҳор доштааст.
"Русҳо нерӯи ҳавоии бузургтар доранд ва ҳавопаймоҳои онҳо аз ҷиҳати технологӣ аз украиниҳо бартарӣ доранд. Русия инчунин метавонад аз шумораи зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳам барои ҷамъоварии иттилоот ва ҳам барои амалиёти мустақим алайҳи нерӯҳои Украина истифода кунад",- гуфтааст вай.
Ҳамчунин номбурда аз чархболҳои русӣ ба мисли Ка-52 ном гирифтааст, ки дар нобуд кардани мошинҳои зиреҳпӯши Украина худро хуб нишон доданд.
Гузашта аз ин, артиши Русия теъдоди зиёди тӯпхонаву мушакандозҳо ва ҳамчунин системаҳои муассири зидди танкӣ дорад, афзуд рӯзноманигор.
Тавре нозир қайд кард, таҷҳизоти муосири ғарбӣ ба Киев оварда шуда буд, аммо танкҳои Leopard ва мошинҳои ҷангии Bradley нобуд карда шуданд.
Дар миёнаҳои моҳи июн вазорати дифои Русия хабар дод, ки аз аввали моҳ нерӯҳои мусаллаҳи Украина танҳо дар хатти тамос ҳудуди 7,5 ҳазор нафар кушта ва захмӣ доданд.
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маск талафоти Leopard-ҳои пуровозаи олмонӣ дар артиши Украинаро шарҳ дод
Зимнан зикр гардид, ки ин рақам онҳое, ки бар асари истифодаи силоҳҳои дақиқи Русия кушта шудаанд, ба назар гирифта нашудааст.
Ба иттилои департаменти низомии Федератсияи Русия, дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина 15 адад мошини зиреҳпӯши тонкҳои Leopard нобуд карда шуд.
CNN хабар дод, ки артиши Украина ҳамчунин 16 мошини ҷангии Bradley-ро аз даст доданд. Чанд танки дигари Leopard ва мошинҳои зиреҳии Bradley бо хисороти ночиз ба Қувваҳои Мусаллаҳи РФ ҳамчун тӯҳфаҳо рафтанд.
Лентаи хабарҳо
0