https://sputnik.tj/20230710/kashmakashii-ukraini-nato-kuchai-sarbasta-burd-1058188904.html
Кашмакашии украинӣ НАТО-ро ба кӯчаи сарбаста бурд
Кашмакашии украинӣ НАТО-ро ба кӯчаи сарбаста бурд
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти давомдор таҳти шиори “чӣ гуна Украина ба НАТО қабул кард” бештар ба намоишномаи сирк монанд аст, ки аз баромади масхарабозони худ хаста шудааст
2023-07-10T21:00+0500
2023-07-10T21:00+0500
2023-07-10T21:00+0500
украина
русия
нато
ғарб
има
низоъ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101361/50/1013615081_0:65:3084:1799_1920x0_80_0_0_edcb10fe2c8f1d8f9ebb29f682ba2bf7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik, Елена Караева. Ному насаби баромадкунандагон дигар шуда метавонадл, аммо ҳадаф аз рӯи принсип дастнорас аст.Албатта, аз худ самурай тарошидан мумкин буд – самурайҳое, ки барояшон ҳама чиз роҳ асту натиҷа ҳеҷ аҳамияте надорад, аммо ононе, ки равшанфиктаранд, аллакай фаҳмида истодаанд, ки бо амалиёти вижаи низомӣ ё бе чунин амалиёт - ба ҳар ҳол ба чизе ноил намешаванд.На даъватҳо, на нозу нузу на таҳдидҳо. Аз ҳама таклифи ғалатӣ аз ҷониби парлумони (бундестаг) Олмон пешниҳод гардид: Украина ба НАТО “қисм -қисм” қабул карда шавад. Аз рӯи омодагӣ. Масалан, чун пораи гӯшти калон дар сихи кабоб - он қисмҳояро бурида мегиранд, ки ба қадри кофӣ бирён шуда бошад. Ин шикасту нобарории калон барои ин иттиҳоди низомист, ки аз афташ, аз рӯи маблағ барояш даҳҳо миллиард пул меистад. Ҳамчунин, шикасти хурд, бинобар ин - на он қадар гарон ҳам ҳаст: Шветсия низ дар саммити Вилнйюс ба ҳайати НАТО пазируфта нахоҳад шуд. Барои мулоқоати сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки аллакай аъзои НАТО ҳастанд, мавзӯи сӯҳбати аввал ногувор хоҳад буд. Маълум, ки ин ба мубоҳисот обу ранги мувофиқ медиҳад.Ҳамаи он солҳову даҳсолаҳо, ки НАТО арзи вуҷуд дорад, мақсадаш дигар нашудааст: Русияи Бузургро нобуд созад. Вақте, ки давлати мо Иттиҳоди шӯравии ном дошт, ва вақте, ки ин Иттиҳод пош хӯрд, ва давлати мо номи Русияро гирифт. Новобаста аз суханон. Аз дилпурӣ. Аз мазмуне, ки доктрина ва ё доктринаҳо дар худ дошанд, НАТО фақат як чизро мехост: онро, ки мо ва давлати мо набошем. Дар ин ҳангом аллакай пас аз соли 1991, шарт набуд, ки Русияро ҷисман нобуд кунанд. Ҳаминаш бас буд, ки (дар ҳамон замон) давлати мо таҳти назорати пурраи сиёсӣ ва низомӣ гирифта шавад. Воқеан, ҳамон шӯрои Русия - НАТО, ки фаъолият дошт, маҳз барои назорати доимӣ аз болои мо ташкил карда шуда буд. Ва барои мониторинги буҷети артиши мо (умуман, буҷети мо) ва барои ҳар гуна нозироти натогиён пойгоҳҳои ҳарбии моро. Мо то ба он дараҷа сода будем, ки ҷиддан гумон доштем, ки моро ин шӯро ё иттифоқи “давлатҳои дунёи тамаддун” на фақат омодаанд, балки қабул кардан ҳам мехоҳанд. Ин фиреби назар дар оғози соли 1999 ба пароканда шудан сар кард, ҳукумати русиягӣ бошад дар оғози солҳои 2000-ум огоҳ намуд, ки бо қаллобон вориди ягон бозӣ намешавад, ва ба сохтмон шурӯъ намуд. Бо сохтмони низомӣ. Бо истифода аз маблағҳои худ ва бе назардошти кайфияту эродҳои бегонагон.Пайдост, ки ин ба масхарабозони брюсселӣ ва хоҷагони вашингтонии онҳо маъқул нашуд. Онҳо кӯшиш намуданд қаноти ҷанубии Русияро оташ занад – барои ин тавассути сарҳадҳои гурҷӣ ворид шуданӣ буданд. Торсакии обдор хӯрданд.Лекин ин ”ҷаҳони тамаддун”- и ҷилодор наметавонист эътироф намояд, ки дар баҳодиҳии он чӣ ки дар Русия мегузарад, хато кардааст – аз ҷиҳати сиёсӣ мустақил асту мақоми пешинаи худ –давлати абарқудратро боз соҳиб аст (вақти он расидааст, ки давлати моро бо исми геополитикиаш ном гирем), бинобар ин, пас аз 6 соли шикасташ дар Гурҷистон, аз ҷониби сарҳадҳои украинӣ даромаданд. Гумон доштанд, дар ин ҷо акнун Русияро фиреб медиҳанду мутеъ месозанд.Ва боз ҳам нобарорӣ. Боз шикаст. Русия – чуноне, ки пешвояш дирӯз гуфт - ҳоло сар ҳам накардааст. Ана он вақте, ки Русия оғоз намуд, вақте, ки бозувонашро афшонд, он вақт НАТО ба оҳ кашидан ҳам фурсат наёфт. Онҳо гумон доштанд, ки мо чоруқпӯшему бо хирсу арақу балалайкаем, мо бошем – бо“Сирконий”-у “Кинжал”-ем, дар фаросавтӣ, бо он гуна иқтисодиётем, ки аз касеву чизе вобастагие надорад –куллан мухтор аст, зеро минтақаи вақти мо 11 соатро ташкил медиҳад, мардуми мо басе меҳнаткаш аст, ва боз геологияе, ки имкони ҳамаи корро бо дилхоҳ ҳаҷм ба сомон расониданро медиҳад. Хоҳед – алмос, хоҳед - танк. Хоҳед – тайёра, хоҳед – ҷӯроб. Дар ҳоле, ки НАТО бо тамоми овоз фрёд дорад, кит “таъҷилан истеҳсоли яроқ ба роҳ монда шавад” (дар шароите, ки ҳамаи маҳсулоти хом аз кишварҳои сеюм харида мешавад), саноати соҳавии русиягӣ фаъолият дорад – вобаста ба оне, ки тибқи нақшаи амалиёти вижаи низомӣ чӣ талаб карда мешавад.Охир, масалан, ҳамин корро Украина ҳам карда метавонист. Бо он захираҳое, ки дорад, бо саноаташ, бо соҳаи энергетикааш, ки метавонад дилхоҳ талаботи дилхоҳ саноатро бо дилхоҳ ҳаҷм таъмин намояд.Аммо афзалият ба рушди худӣ ва некҳамсоягӣ бо Русия дода нашуд – ба ҳадафҳои воқеӣ афзалият дода нашуд, балки ким кадом орзуву хаёлу фиреби назар интихоб гардид.Ба орзуҳояшон сифати “аврупоӣ” илова намуданд ва фиреби назарашонро дар шакли турсиҳои канораҳояш тӯрдор диданд, интихоби кардаашон ба он овард, ки фиреби назар пароканда шуд, орзуҳо бошанд - барбод рафтанд. Аъзогӣ ба Аврупо – дар ҳолати беҳтарин ягон пас аз 20 сол, аъзогӣ ба НАТО – ҳеҷ гоҳ.Иттифоқи Украина - НАТО барои имрӯз - чун муҳокимае дар ҷаласаи истеҳсолӣ таҳти унвони “Ғайраву ҳоказо”. Дар умум – касе зид нест, ва ҳатто розӣ ҳам нест, аммо кай ва чӣ гуна – ҳеҷ кас лаб намекушояд.Ҳеҷ кас намехоҳад ба худ масъулияти шахсии шикасти навро бигирад.НАТО - боз ҳам ҳамон хатогиро содир намуда истода (ва бори аввал ҳам нест), бадтар аз ҷиноят аст, дар мулоқоти сарони НАТО, ки пагоҳ оғоз мегардад, боз ҳам он чӣ ки дар бораи Русия фикр мекунад, мегӯяд, ва то метавонад Украинаро навозишу эрка мекунад. Гап дар сари Шветсия бошад, пас он дар курсичаи иловагии муваққатӣ интизор менишинад.Ин масхарабоз то даридани садопардаҳояш ва то пароканда шудани найрангбозони пир дар бораи муваффақиятҳо хоҳад гуфт. Воқеан, масхарабоз кадом қувваеро зидди давлате дорад, ки нафақат наметавонад бохт намояд, балки намедонад, ки шикасташ чӣ.Ба ҳамаи ин намоишномаи сиркӣ нигариста, мо захира намудани ҷуворибирён зарурат надорем: чун ҳама чизи боқимонда, ҷуворӣ дар мо сероб аст.
https://sputnik.tj/20230710/mask-piruzi-rusiya-ukraina-peshgui-1058176407.html
https://sputnik.tj/20230710/vashington-jinoyat-ukraina-iqror-saforati-rusiya-1058171424.html
https://sputnik.tj/20230703/rusiya-taktika-nav-tank-quvvaho-ukraina-1058037006.html
https://sputnik.tj/20230630/eron-ukraina-lavrov-nishast-takid-kard-1058009459.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101361/50/1013615081_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_4b503a003a993fb52e2418fd8aad31d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, нато, кашмакаш, украинӣ, кӯча, намоишгоҳи, сирк, масхарабоз
русия, нато, кашмакаш, украинӣ, кӯча, намоишгоҳи, сирк, масхарабоз
Кашмакашии украинӣ НАТО-ро ба кӯчаи сарбаста бурд
Амалиёти давомдор таҳти шиори “чӣ гуна Украина ба НАТО қабул кард” бештар ба намоишномаи сирк монанд аст, ки аз баромади масхарабозони худ хаста шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik, Елена Караева. Ному насаби баромадкунандагон дигар шуда метавонадл, аммо ҳадаф аз рӯи принсип дастнорас аст.
Албатта, аз худ самурай тарошидан мумкин буд – самурайҳое, ки барояшон ҳама чиз роҳ асту натиҷа ҳеҷ аҳамияте надорад, аммо ононе, ки равшанфиктаранд, аллакай фаҳмида истодаанд, ки бо амалиёти вижаи низомӣ ё бе чунин амалиёт - ба ҳар ҳол ба чизе ноил намешаванд.
На даъватҳо, на нозу нузу на таҳдидҳо. Аз ҳама таклифи ғалатӣ аз ҷониби парлумони (бундестаг) Олмон пешниҳод гардид: Украина ба НАТО “қисм -қисм” қабул карда шавад. Аз рӯи омодагӣ. Масалан, чун пораи гӯшти калон дар сихи кабоб - он қисмҳояро бурида мегиранд, ки ба қадри кофӣ бирён шуда бошад.
Ин шикасту нобарории калон барои ин иттиҳоди низомист, ки аз афташ, аз рӯи маблағ барояш даҳҳо миллиард пул меистад. Ҳамчунин, шикасти хурд, бинобар ин - на он қадар гарон ҳам ҳаст: Шветсия низ дар саммити Вилнйюс ба ҳайати НАТО пазируфта нахоҳад шуд.
Барои мулоқоати сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки аллакай аъзои НАТО ҳастанд, мавзӯи сӯҳбати аввал ногувор хоҳад буд. Маълум, ки ин ба мубоҳисот обу ранги мувофиқ медиҳад.
Ҳамаи он солҳову даҳсолаҳо, ки НАТО арзи вуҷуд дорад, мақсадаш дигар нашудааст: Русияи Бузургро нобуд созад. Вақте, ки давлати мо Иттиҳоди шӯравии ном дошт, ва вақте, ки ин Иттиҳод пош хӯрд, ва давлати мо номи Русияро гирифт. Новобаста аз суханон. Аз дилпурӣ.
Аз мазмуне, ки доктрина ва ё доктринаҳо дар худ дошанд, НАТО фақат як чизро мехост: онро, ки мо ва давлати мо набошем. Дар ин ҳангом аллакай пас аз соли 1991, шарт набуд, ки Русияро ҷисман нобуд кунанд. Ҳаминаш бас буд, ки (дар ҳамон замон) давлати мо таҳти назорати пурраи сиёсӣ ва низомӣ гирифта шавад.
Воқеан, ҳамон шӯрои Русия - НАТО, ки фаъолият дошт, маҳз барои назорати доимӣ аз болои мо ташкил карда шуда буд. Ва барои мониторинги буҷети артиши мо (умуман, буҷети мо) ва барои ҳар гуна нозироти натогиён пойгоҳҳои ҳарбии моро.
Мо то ба он дараҷа сода будем, ки ҷиддан гумон доштем, ки моро ин шӯро ё иттифоқи “давлатҳои дунёи тамаддун” на фақат омодаанд, балки қабул кардан ҳам мехоҳанд.
Ин фиреби назар дар оғози соли 1999 ба пароканда шудан сар кард, ҳукумати русиягӣ бошад дар оғози солҳои 2000-ум огоҳ намуд, ки бо қаллобон вориди ягон бозӣ намешавад, ва ба сохтмон шурӯъ намуд. Бо сохтмони низомӣ. Бо истифода аз маблағҳои худ ва бе назардошти кайфияту эродҳои бегонагон.
Пайдост, ки ин ба масхарабозони брюсселӣ ва хоҷагони вашингтонии онҳо маъқул нашуд. Онҳо кӯшиш намуданд қаноти ҷанубии Русияро оташ занад – барои ин тавассути сарҳадҳои гурҷӣ ворид шуданӣ буданд. Торсакии обдор хӯрданд.
Лекин ин ”ҷаҳони тамаддун”- и ҷилодор наметавонист эътироф намояд, ки дар баҳодиҳии он чӣ ки дар Русия мегузарад, хато кардааст – аз ҷиҳати сиёсӣ мустақил асту мақоми пешинаи худ –давлати абарқудратро боз соҳиб аст (вақти он расидааст, ки давлати моро бо исми геополитикиаш ном гирем), бинобар ин, пас аз 6 соли шикасташ дар Гурҷистон, аз ҷониби сарҳадҳои украинӣ даромаданд. Гумон доштанд, дар ин ҷо акнун Русияро фиреб медиҳанду мутеъ месозанд.
Ва боз ҳам нобарорӣ. Боз шикаст. Русия – чуноне, ки пешвояш дирӯз гуфт - ҳоло сар ҳам накардааст.
Ана он вақте, ки Русия оғоз намуд, вақте, ки бозувонашро афшонд, он вақт НАТО ба оҳ кашидан ҳам фурсат наёфт.
Онҳо гумон доштанд, ки мо чоруқпӯшему бо хирсу арақу балалайкаем, мо бошем – бо“Сирконий”-у “Кинжал”-ем, дар фаросавтӣ, бо он гуна иқтисодиётем, ки аз касеву чизе вобастагие надорад –куллан мухтор аст, зеро минтақаи вақти мо 11 соатро ташкил медиҳад, мардуми мо басе меҳнаткаш аст, ва боз геологияе, ки имкони ҳамаи корро бо дилхоҳ ҳаҷм ба сомон расониданро медиҳад. Хоҳед – алмос, хоҳед - танк. Хоҳед – тайёра, хоҳед – ҷӯроб.
Дар ҳоле, ки НАТО бо тамоми овоз фрёд дорад, кит “таъҷилан истеҳсоли яроқ ба роҳ монда шавад” (дар шароите, ки ҳамаи маҳсулоти хом аз кишварҳои сеюм харида мешавад), саноати соҳавии русиягӣ фаъолият дорад – вобаста ба оне, ки тибқи нақшаи амалиёти вижаи низомӣ чӣ талаб карда мешавад.
Охир, масалан, ҳамин корро Украина ҳам карда метавонист. Бо он захираҳое, ки дорад, бо саноаташ, бо соҳаи энергетикааш, ки метавонад дилхоҳ талаботи дилхоҳ саноатро бо дилхоҳ ҳаҷм таъмин намояд.
Аммо афзалият ба рушди худӣ ва некҳамсоягӣ бо Русия дода нашуд – ба ҳадафҳои воқеӣ афзалият дода нашуд, балки ким кадом орзуву хаёлу фиреби назар интихоб гардид.
Ба орзуҳояшон сифати “аврупоӣ” илова намуданд ва фиреби назарашонро дар шакли турсиҳои канораҳояш тӯрдор диданд, интихоби кардаашон ба он овард, ки фиреби назар пароканда шуд, орзуҳо бошанд - барбод рафтанд. Аъзогӣ ба Аврупо – дар ҳолати беҳтарин ягон пас аз 20 сол, аъзогӣ ба НАТО – ҳеҷ гоҳ.
Иттифоқи Украина - НАТО барои имрӯз - чун муҳокимае дар ҷаласаи истеҳсолӣ таҳти унвони “Ғайраву ҳоказо”. Дар умум – касе зид нест, ва ҳатто розӣ ҳам нест, аммо кай ва чӣ гуна – ҳеҷ кас лаб намекушояд.
Ҳеҷ кас намехоҳад ба худ масъулияти шахсии шикасти навро бигирад.
НАТО - боз ҳам ҳамон хатогиро содир намуда истода (ва бори аввал ҳам нест), бадтар аз ҷиноят аст, дар мулоқоти сарони НАТО, ки пагоҳ оғоз мегардад, боз ҳам он чӣ ки дар бораи Русия фикр мекунад, мегӯяд, ва то метавонад Украинаро навозишу эрка мекунад. Гап дар сари Шветсия бошад, пас он дар курсичаи иловагии муваққатӣ интизор менишинад.
Ин масхарабоз то даридани садопардаҳояш ва то пароканда шудани найрангбозони пир дар бораи муваффақиятҳо хоҳад гуфт. Воқеан, масхарабоз кадом қувваеро зидди давлате дорад, ки нафақат наметавонад бохт намояд, балки намедонад, ки шикасташ чӣ.
Ба ҳамаи ин намоишномаи сиркӣ нигариста, мо захира намудани ҷуворибирён зарурат надорем: чун ҳама чизи боқимонда, ҷуворӣ дар мо сероб аст.