Пешниҳоди додани замин дар Русия баъди 10 соли оиладорӣ

© Sputnik / Павел БедняковСтроящийся дом в Московской области
Строящийся дом в Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Обуна шудан
Ин ташаббус ба гузариши тадриҷан аз урбанизатсияи шаҳрҳои бузург ба рушди биноҳои муосири камошёна берун аз шаҳрҳо нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонун дар бораи ройгон додани қитъаи замин ба оилаҳое, ки беш аз 10 сол дар издивоҷ қарор доранд, пешниҳод кардааст.
Бар асоси тарҳи пешниҳодӣ, ки аз ҷониби Ҳизби либерал демократии Русия ироа гардидааст, аз шартҳои додани замин дар баробари 10 соли издивоҷ инчунин доштани фарзанд арзёбӣ мегардад. Тарҳи мазкур барои баррасӣ пешниҳод шудааст.
"Пешниҳоди лоиҳаи тағйирот ба Думаи давлатӣ пас аз дарёфти хулосаи ҳукумати Русия дар назар аст", - гуфт раиси ҲЛДР, Леонид Слутский.
Дар дафтари матбуоти ин ҳизб иттилоъ доданд, ки дарёфти посухи ҳукумат дар давоми 30 рӯз дар назар мебошад.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Боғшаҳр ё худ тимсоли мӯрчахона: тарафҳои манфӣ ва мусбати меъмории Душанбеи муосир
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба гузариши тадриҷан аз урбанизатсияи мегаполисҳо ба бунёди биноҳои муосири камошёна берун аз шаҳр равона шудааст.
"Мо бояд аз урбанизатсияи таваккалӣ ва бунёди бисёрошёнаҳои аз ҳад зиёд даст кашем ва ба иморатҳои замонавӣ ва биноҳои пастошёна гузарем", - изҳор дошт раиси ҳизб.
Вай суди ин корро дар он гуфт, ки дар он сурат на танҳо чанд мегаполис ё худ шаҳри бузург тараққӣ хоҳад кард, балки тамоми қаламрави Русия имкони рушдро ба даст хоҳад овард.
Аз қавли сиёсатмадор таъкид гардидааст, ки замини ҷудошуда моликияти муштараки ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла худи волидон ва фарзандони онҳо мешавад.
Лентаи хабарҳо
0