Дар Мурғоб нерӯгоҳи нави офтобӣ месозанд

© Sputnik / Петр Чернов / Гузариш ба медиабонкЛампа накаливания и энергосберегающая лампочка.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Обуна шудан
Дар калонтарин аз нигоҳи масоҳат ноҳияи Тоҷикистон, ки дар шарқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир аст, таъминот бо барқро беҳтар мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ноҳияи Мурғоб, ки солҳои пеш аҳолияш аз қувваи барқ шадидан танқисӣ дошт, аз ҳисоби нерӯи офтоб бо барқ таъмин мегардад.
Ба иттилои нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, "Ҷумҳурият", дар Мурғоб сохтмони боз як истгоҳи дигари офтобӣ бо тавоноии 600 кВт шуруъ гардид.
Манбаъ зикр намудаст, ки қаблан ширкати "Помир Энержӣ" дар Мурғоб истгоҳи барқии офтобии нахустин бо иқтидори 200 кВт-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаст.
Таъкид шудаст, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва ширкати "Помир энерҷи" дар деҳаҳои Булункул, Чечекдӣ ва Башгумбез ба маблағи қариб 1 млн сомонӣ панелҳои офтобӣ насб намуданд.
Премьер-министр страны Кохир Расулзода ознакомился с ходом строительных работ на ГЭС Себзор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Расулзода рафти сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" -ро санҷид
Аз қавли мақомот оварда шудааст, ки хатҳои барқии 10 ва 0,4-киловатта пурра таҷдид ва муштариён бо ҳисобкунакҳои замонавӣ таъмин шуданд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомот солҳои қаблӣ дар Мурғоб танҳо як неругоҳи хурди барқи обӣ фаъолият дошт, ки танҳо нисфи маркази ноҳияро бо барқ фақат барои равшанӣ таъмин мекард.
Баъдан бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон азнавсозии неругоҳи барқи обии ноҳия бо маблағи беш аз 7,4 млн доллар роҳандозӣ гардида, неругоҳи барқи обии хурди "Тоҷикистон" бо иқтидори 1500 кВт оғоз шуд.
Мақомот мегӯянд, ин нерӯгоҳ маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти ба номи Гожо Бердибаев пурра бо неруи барқ таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0