Расулзода рафти сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" -ро санҷид

© Foto / Исполнительный орган ГБАОПремьер-министр страны Кохир Расулзода ознакомился с ходом строительных работ на ГЭС "Себзор"
Премьер-министр страны Кохир Расулзода ознакомился с ходом строительных работ на ГЭС Себзор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон ба масъулини ВМКБ аз зарурати сари вақт ба кор андохтани блоки аввали нерӯгоҳи барқи обӣ ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии "Себзор"-и ноҳияи Роштқалъа шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Расулзода зимни ин сафар ба масъулин аз зарурати сари вақт ба кор андохтани блоки аввали неругоҳи барқи обӣ ёдовар шуд.
Маъмурияти ВМКБ қайд кард, ки дар ин иншоот кормандони ширкати "Тоҷикгирдолэлектромантаж" кор мекунанд.
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Хоруғ чароғон шуд
Зикр гардид, ки тоо имрӯз сарбанди НБО-и "Себзор" бо баландии 9 метр васл карда шуда, корҳои заминканӣ дар ин мавзеъ 90 % ба анҷом расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар саросари дарёи Шоҳдара сохта мешавад. Он метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ ​​таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ ​​содир кунад.
Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0