Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт: бозори арз

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро аз даст медиҳад, аммо доллар бошад тадриҷан гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 120 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл барои 1000 рубл 122 сомонӣ медоданд.
Асъори русӣ сар аз аввали сол бо тағйироти наонқадар чашмрас дар як ҳадди миёни қарор дошт, аммо шурӯъ аз баҳор ва ҳамакнун тобистон поин меравад.
Асъори аврупоӣ низ каме коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази ҳар евро 11.9026 сомонӣ медоданд, ҳоло 11.8864 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз болотар рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои як доллар 10.9210 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як доллар ба 10.9198 сомонӣ баробар буд.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ нигоҳ доштаанд.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 118 сомонӣ ва зимни фурӯш 125 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 120 ва дар фурӯш 122,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 120 ва 124 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 120 ва ҳангоми фурӯш 123 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0