Аз бинои Беморхона то қасри фарҳанг: Идомаи сафари Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаИфтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ
Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари чоррӯзаи кориаш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ чандин иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ кард, иттилоъ дод дафтари матбуоти президент кишвар.
Корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар беморхонаи тозабунёд барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.
Қайд шудааст, ки Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан имкон дорад ба 25 ҳазор сокини 7 деҳа хизмати босифати тиббӣ расонад.
Саипас раисҷумҳури кишвар дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.
Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Оғози сафари 4-рӯзаи Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунӣ дар Айнӣ
Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметан дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шуда, дар он барои сайру гашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам карда шудааст.
Таъкид шудааст, ки иншоот мазкур аз ҷониби Мақомоти ноҳияи Айнӣ ва соҳибкор Шаҳбоз Қодиров бунёд гардидааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Урметан дар умум бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад.
Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр мебошад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дод ва дар барномаи фарҳангӣ иштирок кард.
Бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан таҷдиду навсозӣ гардида, дар он барои фаъолияти аҳли ҳунар шароити муосир муҳайё карда шуд.
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Эълон барои 4 рӯз баста шудани роҳҳои вилояти Суғд: сана ва кӯчаҳо
Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, бо сабаби фарсуда гардидан зарурати таҷдиду навсозии он ба миён омад.
Навсозӣ гардидани иншооти фарҳангӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат имкон медиҳад, ки баробари пешниҳоди барномаҳои рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунар барои сокинон, ҳамзамон дар доираи маҳфилҳои гуногун мутахассисон омода карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунари деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ созҳои мусиқии миллӣ, аз ҷумла доира, таблак, рубобу танбӯр ва дутор туҳфа намуд.
Президенти кишвар дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ "Қасри паҳлавонони суғдӣ" ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуд.
Лентаи хабарҳо
0