Эълон барои 4 рӯз баста шудани роҳҳои вилояти Суғд: сана ва кӯчаҳо

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПункт пропуска на границе, архивное фото
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар робита ба роҳбандиҳо, ки дар пайи сафари раисҷумҳур ба Суғд сурат мегирад, аз ронандагон даъват шудааст, ки ҳаракати худро аз кӯчаҳои ҳамшафат анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раёсати БДА дар Суғд аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе роҳҳои ҳудуди вилоят хабар дододааст
Тавре Раёсати БДА дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, басташавии роҳҳо аз санаи 5 июл оғоз шуда то рӯзи 8 июл давом хоҳад кард.
БДА дар шарҳи эълони худ гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони олимақом ба шаҳру навоҳии Суғд дар назар дошта шуда ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт бо меҳмонон ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст.
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷонро барканор кард
Ин ниҳод ба самъи сокинон мерасонад, ки санаҳои зерин:
5 июл, роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент, кӯчаҳои маркази ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, шаҳри Суғдиёни то деҳаи Филдармони шаҳри Панҷакент.
6 июл, кӯчаҳои маркази шаҳри Гуллистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ –Рифат Хоҷиев – 25 солагии Истиқлолият –Султон Умаров- Сирдарё то тавалудхонаи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Дадобой Холматов то шаҳри Гулитстон.
Санаи 7, кӯчаҳои маркази ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоатҳои Навбунёд, Полдорак, Оббурдон то деҳаи Мастчоҳи ноҳияи мастчоҳ
Рӯзи 8 июл, кӯчаҳои марказии шаҳри гулистон –роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин Бобоҷон Ғафуров то маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон, Қучаҳои Исмоили Сомонӣ – Солеҳ Раҷобов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳаракати васоити нақлиёт дар вақти ташрифи меҳмонон дар вақтҳои алоҳида маҳдуд карда мешавад.
Дар пайи роҳбандиҳо, аз ронандаҳо даъват мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Лентаи хабарҳо
0