https://sputnik.tj/20230703/oqibat-durjui-idm-kishinyov-favran-muttaham-1058034573.html
Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?
Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Молдова натавонистанд ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронии маргбор дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст оранд 03.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-03T09:00+0500
2023-07-03T09:00+0500
2023-07-03T13:41+0500
идм
амният ва мудофиа
молдова
дар тоҷикистон
мубориза
пешгирии ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056841995_0:113:1524:970_1920x0_80_0_0_edbdeb887de1efa1e7ab64a8e332c676.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба далели бозхондаи намояндаи худ аз Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткориҳо дар ИДМ Молдова натавонист ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст орад. Роҳбари "Ҳизби мо", Ренато Усатий изҳор доштааст, ки Молдова расман аз бюро хориҷ нашудааст, аммо намояндаашро бозхонд кардаву дар кори тобдули фаврии маълумот иштирок намекунад, навиштааст Sputnik Молдова. Таъкид шудааст, ки табодули иттилоъ миёни Молдова ва Тоҷикистон на бевосита, балки аз тариқи сафоратхона дар Украина сурат мегирад. Маврид ба зикр аст, ки 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул омада буд, дар фурудгоҳи Кишинёв иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад. Вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва афсари амнияти фурудгоҳро парондаст. Дар пайи ҳамла ин шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар, зодаи 43-солаи шаҳри Душанбе, узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Мақомоти додситонии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.
https://sputnik.tj/20230701/tirandoz-tojik-kishinyov-istirdod-posukh-maqomot-moldova-1058022619.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056841995_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_6458f21c02ca68f5a778d14bd03281cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, амният ва мудофиа, молдова, дар тоҷикистон, мубориза, пешгирии ҷиноят
идм, амният ва мудофиа, молдова, дар тоҷикистон, мубориза, пешгирии ҷиноят
Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?
09:00 03.07.2023 (Навсозишуда: 13:41 03.07.2023) Мақомоти Молдова натавонистанд ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронии маргбор дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба далели бозхондаи намояндаи худ аз Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткориҳо дар ИДМ Молдова натавонист ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст орад.
Роҳбари "Ҳизби мо", Ренато Усатий изҳор доштааст, ки Молдова расман аз бюро хориҷ нашудааст, аммо намояндаашро бозхонд кардаву дар кори тобдули фаврии маълумот иштирок намекунад, навиштааст Sputnik Молдова.
Таъкид шудааст, ки табодули иттилоъ миёни Молдова ва Тоҷикистон на бевосита, балки аз тариқи сафоратхона дар Украина сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул омада буд, дар фурудгоҳи Кишинёв иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад.
Вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва афсари амнияти фурудгоҳро парондаст.
Дар пайи ҳамла ин шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар, зодаи 43-солаи шаҳри Душанбе, узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.