https://sputnik.tj/20230701/tirandoz-tojik-kishinyov-istirdod-posukh-maqomot-moldova-1058022619.html
Тирандози тоҷик дар Кишинёв истирдод мешавад? посухи мақомоти Молдова
Тирандози тоҷик дар Кишинёв истирдод мешавад? посухи мақомоти Молдова
Sputnik Тоҷикистон
Иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова Ион Мунтеану имкони истирдоди шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро паррондааст, шарҳ дод 01.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-01T16:37+0500
2023-07-01T16:37+0500
2023-07-01T16:37+0500
дар тоҷикистон
молдова
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
шаҳрванди тоҷикистон
тирандозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058021855_0:126:3072:1854_1920x0_80_0_0_2845c7fdd36d2a05dd92e854bec4efb7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв тир холӣ кард, ба ватан истирдод намешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова Ион Мунтеану хабар дод.Вай гуфтааст, ки истирдоднашудани ҷинояткор ба мақомоти Тоҷикистон ба он далел аст, ки алайҳи ӯ аз рӯи далели куштор дар Молдова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар навбати худ сардори Бозрасии генералии пулис Виорел Сернаутеану қайд кард, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ шаҳрванди Тоҷикистон дар ягон пойгоҳи додаҳо, аз ҷумла дар Интерпол сабт нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, маълумоте, ки сохторҳои Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ доранд, дертар пайдо шуд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул омада буд дар фурудгоҳи Кишинёв иҷозати вуруд пайдо накард ва ба ин далел тирпаронӣ кард.Рустам Ашӯров ҳангоми интиқол ба минтақаи безарар барои бозгашт аз як пулис таппонча рабуд ва ду нафар - як марзбон ва афсари амнияти фурудгоҳро кушт. Дар пайи ҳамла ин ҷавони тоҷик аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад. Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки Ашӯров узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.
https://sputnik.tj/20230701/gumonbar-rabudan-muovin-oriyonbonk-furudgoh-moldova-tirparoni-1058018578.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058021855_203:0:2934:2048_1920x0_80_0_0_34fd0f911db4ca11bbc9c7a2497f5d61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, молдова, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрванди тоҷикистон, тирандозӣ
дар тоҷикистон, молдова, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, шаҳрванди тоҷикистон, тирандозӣ
Тирандози тоҷик дар Кишинёв истирдод мешавад? посухи мақомоти Молдова
Иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова Ион Мунтеану имкони истирдоди шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро паррондааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв тир холӣ кард, ба ватан истирдод намешавад. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова Ион Мунтеану хабар дод.
Вай гуфтааст, ки истирдоднашудани ҷинояткор ба мақомоти Тоҷикистон ба он далел аст, ки алайҳи ӯ аз рӯи далели куштор дар Молдова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар навбати худ сардори Бозрасии генералии пулис Виорел Сернаутеану қайд кард, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ шаҳрванди Тоҷикистон дар ягон пойгоҳи додаҳо, аз ҷумла дар Интерпол сабт нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, маълумоте, ки сохторҳои Тоҷикистон ӯро ҷустуҷӯ доранд, дертар пайдо шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул омада буд дар фурудгоҳи Кишинёв иҷозати вуруд пайдо накард ва ба ин далел тирпаронӣ кард.
Рустам Ашӯров ҳангоми интиқол ба минтақаи безарар барои бозгашт аз як пулис таппонча рабуд ва ду нафар - як марзбон ва афсари амнияти фурудгоҳро кушт.
Дар пайи ҳамла ин ҷавони тоҷик аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки Ашӯров узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.