https://sputnik.tj/20230703/hajmi-daromad-milliarder-rusiya-malum-1058043002.html
Ҳаҷми даромади миллиардерҳои Русия маълум шуд
Ҳаҷми даромади миллиардерҳои Русия маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади миллиардерҳои Русия аз аввали соли равон ба андозаи 16,6 млрд доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, номи доротаринҳо эълон шуд
2023-07-03T14:30+0500
2023-07-03T14:30+0500
2023-07-03T15:48+0500
дар русия
доллар
иқтисод
миллиард
дороӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_0:276:3151:2048_1920x0_80_0_0_241633ef68863c06fa4eb8894b006b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Аз ҳама бештар дороии молики ширкати "Лукойл" Вагит Алекперов афзудааст, ки сармояаш 4,8 млрд доллар афзоиш ёфта, ба 20,2 млрд расидааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти радабандии Bloomberg Billionaires Index (BBI). Ин нишондод бар асоси арзиши саҳмияҳои ширкатҳое ҳисоб карда мешавад, ки дар онҳо миллиардерҳо саҳмия доранд. Дар маҷмӯъ, рейтинги BBI 500 сарватманди ҷаҳонро дар бар мегирад ва ҳоло ба он 24 шаҳрванди Русия шомиланд ва дороии умумии онҳо то 3 июл зиёда аз 289 млрд долларро ташкил медиҳад. Сарватмандтарини онҳо яке аз моликони аслии "Норникел" Владимир Потанин боқӣ мемонад, ки аз аввали сол дороии худро қариб 29 млн доллар то 28,5 млрд доллар коҳиш додааст.Ҷойи дувумро шарики ширкати "Новатек" Леонид Михелсон ишғол кардааст, ки сарваташ аз 1,5 млрд доллар афзоиш ёфта, ба 26,1 миллиард доллар расидааст. Дар ҷои сеюм баҳрабардори НЛМК Владимир Лисин қарор дорад, ки аз аввали сол дороии худро 3,2 млрд доллар афзоиш дода, ба зиёда аз 23 млрд доллар расонд. Дар ҷои чорум Вагит Алекперов қарор дорад, ки бо зиёда аз 20 млрд доллар, яъне 4,8 млрд доллар афзоиш ёфтааст. Дар ҷои панҷум Алишер Усмонов ("Металлоинвест", "Мегафон") қарор дорад, ки 126 млн доллар фақиртар шудаасту дороии ӯ ҳоло 18,3 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.Дар зинаи шашум баҳрабардори асосии "Северстал" Алексей Мордашов қарор дорад, ки сарваташ аз аввали сол 475 млн доллар - то 18,2 млрд коҳиш ёфтааст. Михаил Прохоров (гурӯҳи "Онексим") дар ҷои ҳафтум боқӣ монда, сарваташ қариб 1,5 млрд доллар афзуда, ба 14,7 млрд доллар расид. Дар ҷои ҳаштум молики ширкати "Новатек" ва "Сибур" Геннадий Тимченко қарор дорад, ки дороии ӯ аз аввали сол 1,3 млрд доллар афзуда, ҳоло 13 млрд долларро ташкил медиҳад. Дар ҷои нӯҳум баҳрабардори собиқи "Еврохим" ва СУЭК Андрей Мелниченко ҷой гирифт, ки сарваташ қариб 1,6 млрд доллар коҳиш ёфта, ба 11,6 млрд доллар расидааст. Даҳгонаи доротаринҳои Русияро муассиси Alfa Group Михаил Фридман ҷамъбаст мекунад, ки сарваташ аз аввали сол 237 млн доллар афзуда, ба 11,5 млрд доллар расидааст.
https://sputnik.tj/20221120/geyts-payomad-amali-gharb-ukraina-1052955066.html
https://sputnik.tj/20230404/gharb-buhroni-banki-rusiya-makoni-orom-tabdil-1056180193.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045763349_297:0:3028:2048_1920x0_80_0_0_e57093adbe5ee412f73a5a7b593b0677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дороӣ, доро, афзоиш, русия, аввал, сол, зиёд
дороӣ, доро, афзоиш, русия, аввал, сол, зиёд
Ҳаҷми даромади миллиардерҳои Русия маълум шуд
14:30 03.07.2023 (Навсозишуда: 15:48 03.07.2023) Ҳаҷми умумии даромади миллиардерҳои Русия аз аввали соли равон ба андозаи 16,6 млрд доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, номи доротаринҳо эълон шуд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Аз ҳама бештар дороии молики ширкати "Лукойл" Вагит Алекперов афзудааст, ки сармояаш 4,8 млрд доллар афзоиш ёфта, ба 20,2 млрд расидааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти радабандии Bloomberg Billionaires Index (BBI).
Ин нишондод бар асоси арзиши саҳмияҳои ширкатҳое ҳисоб карда мешавад, ки дар онҳо миллиардерҳо саҳмия доранд. Дар маҷмӯъ, рейтинги BBI 500 сарватманди ҷаҳонро дар бар мегирад ва ҳоло ба он 24 шаҳрванди Русия шомиланд ва дороии умумии онҳо то 3 июл зиёда аз 289 млрд долларро ташкил медиҳад.
Сарватмандтарини онҳо яке аз моликони аслии "Норникел" Владимир Потанин боқӣ мемонад, ки аз аввали сол дороии худро қариб 29 млн доллар то 28,5 млрд доллар коҳиш додааст.
Ҷойи дувумро шарики ширкати "Новатек" Леонид Михелсон ишғол кардааст, ки сарваташ аз 1,5 млрд доллар афзоиш ёфта, ба 26,1 миллиард доллар расидааст.
Дар ҷои сеюм баҳрабардори НЛМК Владимир Лисин қарор дорад, ки аз аввали сол дороии худро 3,2 млрд доллар афзоиш дода, ба зиёда аз 23 млрд доллар расонд.
Дар ҷои чорум Вагит Алекперов қарор дорад, ки бо зиёда аз 20 млрд доллар, яъне 4,8 млрд доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ҷои панҷум Алишер Усмонов ("Металлоинвест", "Мегафон") қарор дорад, ки 126 млн доллар фақиртар шудаасту дороии ӯ ҳоло 18,3 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Дар зинаи шашум баҳрабардори асосии "Северстал" Алексей Мордашов қарор дорад, ки сарваташ аз аввали сол 475 млн доллар - то 18,2 млрд коҳиш ёфтааст.
Михаил Прохоров (гурӯҳи "Онексим") дар ҷои ҳафтум боқӣ монда, сарваташ қариб 1,5 млрд доллар афзуда, ба 14,7 млрд доллар расид.
Дар ҷои ҳаштум молики ширкати "Новатек" ва "Сибур" Геннадий Тимченко қарор дорад, ки дороии ӯ аз аввали сол 1,3 млрд доллар афзуда, ҳоло 13 млрд долларро ташкил медиҳад.
Дар ҷои нӯҳум баҳрабардори собиқи "Еврохим" ва СУЭК Андрей Мелниченко ҷой гирифт, ки сарваташ қариб 1,6 млрд доллар коҳиш ёфта, ба 11,6 млрд доллар расидааст.
Даҳгонаи доротаринҳои Русияро муассиси Alfa Group Михаил Фридман ҷамъбаст мекунад, ки сарваташ аз аввали сол 237 млн доллар афзуда, ба 11,5 млрд доллар расидааст.