Ҳушдори Гейтс аз паёмади амали Ғарб дар Украина

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкБилл Гейтс. Архивное фото
Билл Гейтс. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Обуна шудан
Бунёдгузору собиқ мудири кулли ширкати "Microsoft" аз кам шудани иқдоми башардӯстона дар манотиқи ҷаҳон ба далели интиқоли силоҳ ба Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Интиқоли силоҳ ба Киев ба буҷаи давлатҳои аврупоӣ таъсири манфӣ расонд ва ин дар навбати худ кумак ба кишварҳои африқоиро коҳиш дод. Ин нуктаро Билл Гейтс зимни боздидаш аз Кения баён доштаст, хабар дод CNN.
"Бӯҳрони Украина буҷаи Аврупоро коҳиш дод, ки боиси коҳиши кумак ба ниёзмандон дар манотиқи ҷаҳон шуд", - оварда шудааст аз қавли миллиардер.
Ӯ афзудаст, бисёре аз бунёдҳои хайрия ба интиқоли маблағ ба Украина шурӯъ карданд ва кишварҳои дигарро пушти сар гузоштанд.
Гейтс ҳамчунин ваъда дод, ки дар чаҳор соли оянда ба Африқо 7 млрд доллар кумак мекунад, ки ба лоиҳаҳои мубориза бо гуруснагӣ, беморӣ, фақр ва нобаробарии гендерӣ равона карда мешавад.
Ин ҳушдори Гейтс дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина кумаки бесобиқаи низомию молиро ба Киев фиристодаанд.
Маскав аз паёмади чунин кумакҳо ҳушдор дода, таъкид намуд, ки он танҳо анҷоми амалиёти низомиро ба таъхир меандозад, аммо ба натиҷаи он таъсире нахоҳад дошт.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0