https://sputnik.tj/20230701/gumonbar-rabudan-muovin-oriyonbonk-furudgoh-moldova-tirparoni-1058018578.html
Гумонбар дар рабудани муовини "Ориёнбонк" дар фурудгоҳи Молдова тирпаронӣ кард
Гумонбар дар рабудани муовини "Ориёнбонк" дар фурудгоҳи Молдова тирпаронӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми убури марз ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Молдова надоданд, ки дар натиҷа ӯ дар фурудгоҳ оташ кушод ва ду нафарро кушт 01.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-01T13:18+0500
2023-07-01T13:18+0500
2023-07-01T13:18+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
молдова
гумонбар
тирпаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058017609_0:119:3222:1931_1920x0_80_0_0_c63ad0faba7003cb8dae0529244a9fc1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави фурудгоҳи Кишинёв тир холӣ кардааст, яке аз гумонбарон дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев будааст. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.Ба иттилои ин ниҳод, Рустам Ашӯрови 43-сола узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад. Ӯ баъди рабудани Исматуллоев тавассути Туркия ба Молдова фирор кард, то минбаъд дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пинҳон шавад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30 июн ҳангоми убури марз ба як шаҳрванди Тоҷикистон вуруд ба Молдова манъ шуд. Дар натиҷа, Ашӯров ҳангоми интиқол ба минтақаи безарар барои бозгашт аз як пулис таппонча рабуд ва ду нафар - сарҳадбон ва афсари амнияти фурудгоҳро паррондааст. Дар натиҷа ин ҷавони тоҷик захмӣ шуда, ба бемористон мунтақил шудааст. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад. Аз рӯи далели ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв бар асоси моддаи 278-и Кодекси ҷиноии Молдова парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба шаҳрванди Тоҷикистон то 20 соли зиндон таҳдид мешавад.Ёдовар мешавем, муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев шоми 23 июн аз назди манзилаш дар маркази Душанбе рабуда шуд. Ба гуфтаи вазорати умури дохила, чаҳор нафари ношинос ӯро ба мошини сиёҳи тамғаи "Hyundai Sonata" иҷборан савор намуданд.Як ҳафтаи ҷустуҷӯи ноиби рабудашудаи раиси "Ориёнбонк": Натиҷа чист?Мошин аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло аз назди бозори Кушон ҳаракат карда, пас аз он ғайб зад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи далели рабуда шудани Исматуллоев бар асоси моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ расман ба сокинон бо дархости мусоидат дар пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" муроҷиат карда, ваъдаи 30 ҳазор доллар ҷоиза барои додани маълумот кардааст.
https://sputnik.tj/20230630/malumoti-operativi-rabudan-bonkdor-daryo-partofta-1058007851.html
молдова
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/01/1058017609_246:0:2977:2048_1920x0_80_0_0_3a5940fc4ba24df7b937fa223cc1665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, молдова, гумонбар, тирпаронӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, молдова, гумонбар, тирпаронӣ
Гумонбар дар рабудани муовини "Ориёнбонк" дар фурудгоҳи Молдова тирпаронӣ кард
Ҳангоми убури марз ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷозати вуруд ба Молдова надоданд, ки дар натиҷа ӯ дар фурудгоҳ оташ кушод ва ду нафарро кушт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави фурудгоҳи Кишинёв тир холӣ кардааст, яке аз гумонбарон дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев будааст.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, Рустам Ашӯрови 43-сола узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад. Ӯ баъди рабудани Исматуллоев тавассути Туркия ба Молдова фирор кард, то минбаъд дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пинҳон шавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30 июн ҳангоми убури марз ба як шаҳрванди Тоҷикистон вуруд ба Молдова манъ шуд. Дар натиҷа, Ашӯров ҳангоми интиқол ба минтақаи безарар барои бозгашт аз як пулис таппонча рабуд ва ду нафар - сарҳадбон ва афсари амнияти фурудгоҳро паррондааст.
Дар натиҷа ин ҷавони тоҷик захмӣ шуда, ба бемористон мунтақил шудааст. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Аз рӯи далели ҳодиса дар фурудгоҳи Кишинёв бар асоси моддаи 278-и Кодекси ҷиноии Молдова парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба шаҳрванди Тоҷикистон то 20 соли зиндон таҳдид мешавад.
Ёдовар мешавем, муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев шоми 23 июн аз назди манзилаш дар маркази Душанбе рабуда шуд. Ба гуфтаи вазорати умури дохила, чаҳор нафари ношинос ӯро ба мошини сиёҳи тамғаи "Hyundai Sonata" иҷборан савор намуданд.
Мошин аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло аз назди бозори Кушон ҳаракат карда, пас аз он ғайб зад.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи далели рабуда шудани Исматуллоев бар асоси моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилӣ расман ба сокинон бо дархости мусоидат дар пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" муроҷиат карда, ваъдаи 30 ҳазор доллар ҷоиза барои додани маълумот кардааст.