Имзои созишномаҳои сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Кувайт

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Тайи чанд соли охири ҳукумати Тоҷикистон фаъолона ба рушди сайёҳӣ талош дорад ва ҳукумат барои рушди ин бахш тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст, ки созишномаҳои мазкур рӯзи 9 январ зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудаанд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд кардааст, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ
Ҳумчунин дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон чанде пеш барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба Тоҷикистон омада буданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо сайёҳати иттилоотӣ доир намуд.
Лентаи хабарҳо
0