https://sputnik.tj/20230630/qasd-tojikiston-obyori-kharj-ob-barq-1057993914.html
Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ
Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи таҷдиду барқарорсозии инфрасохтори обёриро пеш гирифтааст, ки интизор меравад заминҳоро дар гардиши кишоварзӣ нигоҳ дорад
2023-06-30T09:00+0500
2023-06-30T09:00+0500
2023-06-30T09:00+0500
дар тоҷикистон
обёрӣ
замин
дахлу харҷ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_878a3d0c4b8b661502d747cacdde3a70.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷаласаи ахири ҳукумат баррасӣ гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки барномаи мазкур барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода дар бораи барнома ҳисобот дод. Аз ҷумла таъкид гардидаст, ки барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пеш гирифта шудааст. Ҳадафи барнома азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ арзёбӣ гардидаст. "Инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст", - омадааст дар иттилоия. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ тасдиқ карда шавад. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя муваззаф шудаанд. Талош барои истифодаи камтари барқ дар бахши дастгоҳҳои обкашӣ дар ҳолест, ки Агентии беҳдошти замин аз ҷумлаи калонтарин қарздор аз ҳаққи нерӯи барқ дар кишвар ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20230324/nohiyai-rudaki-gektar-zamin-obyori-1055747393.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_86ddd8e7225c59835011cf5bbd90b9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қасд, харҷ, таъмин, барқ, обёрӣ, тоҷикистон, барқарор
қасд, харҷ, таъмин, барқ, обёрӣ, тоҷикистон, барқарор
Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи таҷдиду барқарорсозии инфрасохтори обёриро пеш гирифтааст, ки интизор меравад заминҳоро дар гардиши кишоварзӣ нигоҳ дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷаласаи ахири ҳукумат баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки барномаи мазкур барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода дар бораи барнома ҳисобот дод.
Аз ҷумла таъкид гардидаст, ки барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пеш гирифта шудааст.
Ҳадафи барнома азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ арзёбӣ гардидаст.
"Инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ тасдиқ карда шавад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя муваззаф шудаанд.
Талош барои истифодаи камтари барқ дар бахши дастгоҳҳои обкашӣ дар ҳолест, ки Агентии беҳдошти замин аз ҷумлаи калонтарин қарздор аз ҳаққи нерӯи барқ дар кишвар ба шумор меравад.