https://sputnik.tj/20230324/nohiyai-rudaki-gektar-zamin-obyori-1055747393.html
Дар ноҳияи Рӯдаки наздик ба 700 гектар замин обёрӣ гардид
Дар ноҳияи Рӯдаки наздик ба 700 гектар замин обёрӣ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
2023-03-24T22:00+0500
2023-03-24T22:00+0500
2023-03-24T22:00+0500
дар тоҷикистон
обёрӣ
рӯдакӣ
замин
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103003/86/1030038636_0:85:1200:760_1920x0_80_0_0_1bd97b2671f3953ae465ea6089825ab5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар додааст, ки якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом додааст.Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз минтақаи дурдаст маҳсуб мешавад, насби дастгоҳҳои обкашӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа 691 гектар бо оби полезӣ таъмин гардид.Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин дар суҳбат бо деҳқонон, ки дар ин минтақа фаъолият доранд, масъалаи истифодаи самараноки обу заминро баррасӣ карданд.Ҳамчунин дар бораи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ барои баланд намудани ҳосилнокии заминҳо ба заминистифодабарандагон тавсияву маслиҳатҳо дода шуд.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, соли 2022 майдони умумии 2166 гектар, аз он 1769 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ, аз ҷумла майдони 1437 гектар, аз он 1180 гектар обӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашванда ва заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, майдони 729 гектар, аз он 589 гектар обӣ ба гардиш ворид карда шуд.
https://sputnik.tj/20230322/rahmon-zarurat-chora-favri-ob-takid-1055688431.html
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103003/86/1030038636_38:0:1163:844_1920x0_80_0_0_33225d64f4cabfeecbd5cca9a0d508fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рӯдакӣ, обёрӣ, гектар, замин, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии тоҷикистон
тоҷикистон, рӯдакӣ, обёрӣ, гектар, замин, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдаки наздик ба 700 гектар замин обёрӣ гардид
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар додааст, ки якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом додааст.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз минтақаи дурдаст маҳсуб мешавад, насби дастгоҳҳои обкашӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа 691 гектар бо оби полезӣ таъмин гардид.
Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин дар суҳбат бо деҳқонон, ки дар ин минтақа фаъолият доранд, масъалаи истифодаи самараноки обу заминро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар бораи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ барои баланд намудани ҳосилнокии заминҳо ба заминистифодабарандагон тавсияву маслиҳатҳо дода шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, соли 2022 майдони умумии 2166 гектар, аз он 1769 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ, аз ҷумла майдони 1437 гектар, аз он 1180 гектар обӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашванда ва заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, майдони 729 гектар, аз он 589 гектар обӣ ба гардиш ворид карда шуд.