Маркази дипломатияи мардумии СҲШ мехоҳад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон тақвият диҳад

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкПодготовка к проведению ШОС
Подготовка к проведению ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Дар маросими ифтитоҳи он вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СҲШ ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Маскав муаррифии Маркази миллии дипломатияи мардумии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Русия сурат мегирад.
Дар ин бора сафорати Русия дар Чин хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки марказ барои татбиқи сиёсати хориҷии Русия барои таҳкими СҲШ мусоидат кунад.
"Марказ ба таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил ба гуногунии фарҳангӣ ва тамаддуни байни мардумони кишварҳои ин созмон мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард вазорати хориҷа.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар амал созмон бо сохторҳои шабеҳе, ки дар Тоҷикистон, Чин ва Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, равобити уфуқӣ барқарор хоҳад кард.
Дильшод Назаров получает звание посла доброй воли ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Дилшод Назаров ба унвони сафири ҳусни нияти СҲШ қадрдонӣ шуд
Дар чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, инчунин намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узв, нозирон ва шарикони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, Чжан Мин, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳайъати нозирон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон раҳбарӣ мекард.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон як гурӯҳи дигари нозирони байналмилалиро дар интихобот аккредитатсия кард.
Аз ҷумла, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин, ки ҳайати нозирони ин созмонро сарварӣ мекард, сабти ном шудааст.
Лентаи хабарҳо
0