Дилшод Назаров ба унвони сафири ҳусни нияти СҲШ қадрдонӣ шуд

© Фото : Пресс-служба секретариата ШОСДильшод Назаров получает звание посла доброй воли ШОС
Дильшод Назаров получает звание посла доброй воли ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Ба ҷуз аз ин варзишкори шинохтаи тоҷик ва дорандаи медали олимпӣ, ин унвон ба раиси Академияи санъати Ӯзбекистон Акмал Нуридинов низ дода шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва қаҳрамони олимпӣ гурзандоз Дилшод Назаров унвони фахрии Сафири ҳусни нияти СҲШ дода шуд.
Ба ҷуз Назаров, ин унвон ба раиси Академияи санъати Ӯзбекистон Акмал Нуридинов низ мушарраф шудааст.
Таннатани супоридани унвон дар зиёфат ба муносибати 22-умин солгарди таъсиси ин созмон сурат гирифт.
Пресс-конференция Торгово-промышленной палаты Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Ҷумъахонзода: Вазифаи СҲШ ҷалби аъзои нав аст
Дар зиёфат зиёда аз 200 нафар: сардорони намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои "оила"-и СҲШ, намояндагони доимии давлатҳои аъзо, кормандони сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар Чин иштирок доштанд.
Дабири кулли СҲШ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо санаи таърихӣ табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки сафирони некхоҳ нуфузи худро барои таблиғи созмон дар байни ҷомеа ва ҷалби бештари истеъдодҳо ва мутахассисон истифода хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0