Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷалби Украина ба НАТО боиси авҷ гирифтани низоъ мешавад, гуфт ВКХ Русия

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ки маҳз бо пешниҳоди Вашингтон ва Лондон Киев аз идомаи муколама бо Русия дар бораи ҳалли вазъ дар Украина худдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҷалби Киев ба НАТО боиси ташдиди низоъ мешавад, гуфтаанд ба РИА "Новости" дар вазорати корҳои хориҷии Русия дар шарҳи нақшаҳои Париж барои пуштибонӣ аз вуруди Украина ба ин паймон.
Қаблан рӯзномаи Le Monde бо такя ба манобеъаш хабар дода буд, ки мақомоти Фаронса гузинаи пайвастани Украина ба НАТО-ро ҳамчун кафолати мустақили амният баррасӣ мекунанд.
"Агар Париж воқеан мехоҳад Украинаро сари мизи музокирот гузорад, пас набояд бо ҷалби НАТО низоъро ташдид накунад, балки ба режими Зеленский ва кураторҳои он аз Вашингтон ва Лондон фишор оварад",- гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ба таъкиди ин ниҳод, маҳз бо пешниҳоди онҳо Киев аз идомаи муколама бо Русия дар бораи ҳалли вазъ дар Украина худдорӣ кард.
Онҳо илова карданд, ки "маҳз ваъдаҳои узвият ба Украина дар блоки низомӣ ӯро ба рафтори хашмгинона водор карданд".
Государственные флаги России и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Русия ва Чин қасд доранд нақшаҳои НАТО дар Авруосиёро барҳам зананд
"Чунон ки Тифлис дар соли 2008 кард, Киев тасаввуроте пайдо кард, ки метавонад мушкилотро бо роҳи низомӣ ҳал кунад. Кишварҳои ғарбӣ на танҳо бо хоҳиши худ ин хаёлҳоро афзоиш доданд, балки ҳама корро карданд, то Киев иҷрои созишномаҳои Минскро бидуни ҷазо халалдор кунад ва ва ҳадафмандона ба "ҳалли ҳарбӣ" омода шавад",- қайд кард Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ин ниҳод авзудааст, ки бо мақсади боздоштани куштори одамон дар Донбасс ва пешгирии чунин рушди ҳодисаҳо мо маҷбур шудем, ки амалиёти махсуси низомиро оғоз кунем, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои он ғайринизомисозии Украина ва инчунин таъмини мақоми бетарафии он мебошад.
Тавре раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, барои мо ин ҳадафҳо хусусияти бунёдӣ доранд ва онҳо амалӣ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0