https://sputnik.tj/20230629/minaguzor-amaliyot-vizha-nizom-zmey-gorinich-zemledelie-1057992384.html
Минагузорӣ дар амалиёти вижаи низомӣ: "Змей Горинич" ва "Земледелие" чӣ гуна кор мекунанд
Минагузорӣ дар амалиёти вижаи низомӣ: "Змей Горинич" ва "Земледелие" чӣ гуна кор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
ИМА ва НАТО аз мукаммалии аслиҳа ва заминҳои минакоришудаи русиягӣ дар тааҷҷубанд ва ба нерӯҳои Украина фақат пешниҳоди худкушӣ карда метавонанд
2023-06-29T19:35+0500
2023-06-29T19:35+0500
2023-07-04T17:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
нато
амният ва мудофиа
амалиёт
низомӣ
мина
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b2542b852bff199169ba37439cb8716.jpg
Дар баробари мушакҳои зарбазаниашон дақиқи русиягӣ ва бесарнишинҳои зарбазан, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ маҷмааҳои минатозакунии беназири "Змей Горинич" ва "Земледелие" самаранокии баланди худро муаррифӣ намуда истодаанд. Техникаи мукаммали қисмҳои ҳарбии муҳандисӣ имкон медиҳанд ба таври ихчам мудофиаро ташкил намуда, ба зудӣ ба ҳуҷум гузашта шавад. Зерсохторҳои Ҳавзаи низомии Марказии Русия 27 июн ба таври таъҷилӣ аз байни заминҳои аз ҷониби артиши Украина миназоркардашуда дар самти Краснолиманск гузаргоҳҳо кушоданд, ва нуқтаҳои идоракунии душманро дар ин самт нобуд сохтанд. Дастгоҳҳо ё худ мошинҳои реактивии минатозакунии худгарди УР-77 бо сабаби он, ки асари равшаниву садоӣ доранд, лақаби "Змей Горинич " (“Аждаҳор”)-ро гирифтаанд ва дар майдони ҷанг онҳо имкон медиҳанд қувваҳои мусаллаҳи ФР талаф додани ҳайати шахсӣ ба муваффақиятҳо ноил шаванд. Мошинҳои русиягии УР-77 ба таври фаъол дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ истифода бурда шуда истодааанд ва дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. "Змей Горинич" дар се дақиқа бо як шиллик дар замини миназори душман гузаргоҳи бараш аз 6 то 14 метр ва дарозиаш 100 метраро муҳайё месозад. Аз тарафи дигар, дар самтҳои Запорожетс ва Южно-Донетск ба низомиёни русиягӣ барои баргардонидани ҳуҷумҳои шадиди артиши украинӣ монеаҳои пурқудрати минагӣ кӯмак мерасонанд. Ин монеаҳо тавассути дастгоҳҳои навтарини минагузории "Земледелие" ба таври фосилавӣ аз масофаи аз 5 то 15 километр нав карда мешаванд. Навори рӯзи гузашта нашршуда бо тасвири ҳамлаи ҷавобии бригадаи хосаи механиконидашудаи 47-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина (ки мутобиқи стандартҳои натогӣ омода карда шудааст) имкон медиҳад боварӣ ҳосил кунем, ки ҳамла бо даромадани техникаи низомӣ ба замини миназор ба охир расид.Вақте низомиёни украинӣ аз мошинҳои ҷангии таркидашон берун шуданд, минаҳои зиддипиёдагард ба кор даромаданд – дар ин ҳол дар заминҳо зиёд пойҳо монданд. Ва ин ҷо, мумкин, саҳми муҳосиботи "Земледелие" ҳам ҳаст.Тибқи иттилои нашрияи амрикоии TheDrive, дар муддати кӯтоҳ дар театри амалиёти низомии украинӣ аз 109 адад мошини ҷангии хушкигарди Bradley-и ба Киев додашуда 24 ададашон нобуд карда шуданд, зарар диданд ва ё партофта шуданд. Дар асл бошад, вазъият барои комплекси саноати ҳарбии ИМА ва Пентагон боз ҳам фоҷеабортар рушд меёбад. Таи се ҳафтаи “ҳамлаи ҷавобӣ” қувваҳои мусаллаҳи Украина бебозгаш 259 танк, 780 мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш (аз ҷумла - техникаи амрикоӣ) - ғайр аз 14 ҳазор аскаронашон – талаф доданд. Монеаҳои русиягии минагӣ шабонарӯзӣ ва пурсамар амал менамоянд, танҳо шаби бар 28 июн се танк ва се мошини ҷангии хушкигард дар самти Запорожетс нобуд карда шуданд. Пентагон чашмдор набуд, ки талафотҳои артиши украинӣ дар “саҳроҳои азими миназор” ин қадар фалокабор мешаванд. Хотиррасон менамоям, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ талафоти душман 10,3 ҳазор танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯшро ташкил дод."Змей Горинич" –и боэътимодУР-77 ё худ “Змей Горинич”-и пуриқтидор аз танаи зиреҳпӯш дар асоси гаубитсаи худгарди 2С1 "Гвоздика" ва ду таҷҳизоти партобдиҳандаи дар болои зиреҳпӯш насбшуда иборат аст. Ду таҷҳизоти партобдиҳанда дар дохил ресмон ва ё худ таноби ғафс ва моддаи тарканда доранд.Аслиҳаи махсуси реактивӣ нишон гирифта, 725 кг пластитро дар зарфи ихчам ба замини миназор “дароз мекашад”, таркиши баамалмеомада кафолати долони бехартарро медиҳад. Лоиҳаи бобарор ва таркиби боэътимод – "Змей Горинич" дар шароити ҷангӣ боре ҳам ноумед накардаастДар вақти таъиншуда ин мошин дар хати фронт мавқеъ мегирад, милаҳояшро зери кунҷи муайян мебардорад ва “мор”-ро (танобро бо моддаи тарканда), ки дар баландии 10 километр парвоз мекунад, сар медиҳад.Пас аз таранг шудани тормози таноб, ки думи зарядро (танобро) бо мошин мепайвандад, командир-оператор мошинро ба пас меронад. Таноб ба сатҳи замин баробар мешавад , бо истифода аз кабел (он дохили таноби тормоз ҷой карда шудааст) “мор”-ро меканад. Ва гузаргоҳ – омода. Ҳини дарозии 100 метр бари долони бехатар дар замини зиддитанкӣ 6 метрро ташкил медиҳад, минаҳои зиддипиёдагард бошанд – дар бари то 14 метр нобуд карда мешаванд. Аз ҷумла, дар ин долон нобудсозии қувваҳои зиндаи душман низ аз эҳтимол дур нест. Таҷҳизот ва ё худ мошини аз мина тозакунӣ бехатар ва дар истифода хеле осону сода аст. Танаи зиреҳпӯш ва чархҳои тасмачарх ба УР-77 имкон медиҳанд, ки тезтар ба хати тамоси ҷангӣ бо душман бирасанд ва раҳораҳ барои пиёдагардон ва техникаи зиреҳпӯш роҳ кушоянд.Дар ҳамин ҳол, экипажи “Змей Горинич” (механик-ронанда ва командир -оператор) ҳатто аз мошин намебароянд. Бо УР-77 полкҳои танкӣ ва мототирандозӣ мусаллаҳанд, дар ҷанг тибқи нақшаи командир истифода бурда мешаванд.Зарядҳои ҳамсони аз мина тозакунии М58-ро амрикоиҳо низ доранд, ки онҳо дар танаи мошинҳои муҳандисӣ ва ё худ дар ядаки пайваст (притсеп) ҷойгир карда шудаанд. Мушаки сӯзишвориаш сахт рӯдаи полиэтилении чандири бо С4 пуркардашударо рӯи замин мелағжонад ва ё худ мекашад. Дар назария таркиш бояд ҳамон натиҷаро диҳад (долони 100 метра дар замини миназор), аммо системаи амрикоӣ дар шароити ҷангӣ беэътимодӣ нишон доданд, моддаҳои тарканда ва экипаж бошанд аз оташи душман ягон гуна ҳифз карда намешаванд. Таркиби басо хатарнок."Земледелие"-и ҷиддӣ Дар фарқ аз “Змей Горинич”-и дар нуқтаҳои доғи сайёра санҷидашуда, истифодаи фаъолонаи мошинҳои муҳандисии минакории фосилавии "Земледелие"-ро ба қарибӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ – дар театри амалиёти ҷангии украинӣ - оғоз намуданд. Дар охири моҳи июн ҳам расму ҳам навори натиҷаҳои таркидани қатораҳои техникаи натогии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, аз қабили "Леопард" ва "Брэдли", машинҳои аз мина тозакунӣ - ҳама ҷаҳон дид ва тамошо кард – ҷараёни таркидани онҳоро дар заминҳои аз ҷониби муҳандисони низомии русиягӣ бо минаҳо“парвариш кардашуда”. Системаи муҳандисии миназоркунии фосилавӣ (ИСДМ) "Земледелие" сабки кори ситемаи реактивии оташи силсилавиро дорад. Дар мошини ҷангӣ 50 роҳнамоикунандаи калибраш 122 мм барои бурдани оташи силсилавӣ ҷойгир карда шудааанд.Тирҳои реактивии тӯпҳо минаҳоро дар минтақтаи таъиншуда ба ҳар тараф мепошад (дар майдони паҳноиаш баробари якчанд майдони футбол). Дар ин ҳангом замини минакорикардашудаи мураккабиаш дилхоҳро шакл медиҳад, аз ҷумла – бо тарҳе, ки барои гузаштани артиши худӣ омода бошад. Дар ҳамбастагӣ бо хадамоти ҷосусӣ, якчанд мошини "Земледелие" метавонанд ба таври таъҷилӣ ҳамлаи душманро дар фронти васеъ ва дар дилхоҳ самт боздорад (ҳатто дар ҷое, ки он ҷо заминҳои минакорикардашуда набошанд ҳам).Гунногунии аслиҳаи "Земледелия" имкон медиҳад заминҳои минакоришудаи зиддипиёдагардӣ, зиддитанкӣ ва ё худ омехта шакл дода шаванд. Барои шикасти аскрони пиёдагард минаҳои ПОМ-3 (минаҳои зиддипиёдагарди дорои шикстапораҳо) – бо муайянкунандаи қадамҳо ва интиқолдиҳандаҳои сейсмикӣ истифода бурда мешаванд. Ба замин силиндрхои диаметрашон 6 сантиметра ва баландиашон 18 сантиметра ба таври амудӣ меистанд, онҳо худро гирон мекунанд, аз силинд ресмонҳои нафистарин бо борчаҳояшон берун мепаранд. Агар ба чунин ресмон дармонанд ё расида гузаранд, мина боло ҷаҳида, дар ҷараёни парвоз метаркад ва душманро бо шикастапораҳояш нобуд месозад. "Майна"-и электронии аслиҳа роҳгардии одамро аз қадамзании ҳайвон фарқ мекунад ва фақат ҳини наздик шудани душман метаркад. Минаҳои зиддитанкии ПТМ-4М ҳам дар “ақл” аз онҳо монданӣ надорад: ПТМ-4М, вақте аз бараш танк ё техникаи дигар мегузарад, халалдоршавии магнитиро дошта мегиранд. Фақат ҳини гузаштани техникаи вазнини зиреҳпӯш ба кор медароянд. Дар ҳамин ҳол, ин аслиҳаро аз мина тоза карда намешавад. Агар аз ҷояш ҷунбонед, таркиш сурат мегирад (муодили 1,5 кг тротил). Ҳини зарурият ба “майна”-ҳои минаҳои зиддитатнкии ПТМ-4М вақти худбартарафкунӣ ворид карда мешавад. Пайдост, ки мутахассисони ИМА ва НАТО аз мукаммалии аслиҳа ва технологии заминҳои русии минакорикардашуда басо дар тааҷҷубанд. Бинобар ин, қодиранд фақат "Брэдли" илова кунанду ба қувваҳои зиндаи артиши Украина “пуртаъсир” пешниҳод намоянд, ки дар “ҳамлаи ҷавобӣ” худкушӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20230629/jalb-ukraina-nato-avj-nizo-vkkh-rusiya-1057982587.html
https://sputnik.tj/20230628/hamlai-javobii-artishi-ukraina-gharb-1057976535.html
https://sputnik.tj/20230621/putin-tank-gharb-ukraina-otash-1057839744.html
https://sputnik.tj/20230627/ima-qadam-navbati-putin-ukraina-guft-1057941115.html
https://sputnik.tj/20230618/artishi-ukraina-jabhai-zaparozhie-tankro-dast-1057778037.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_084b85b88f752fb259d985c630fefde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мина сад, монеа, мавҷгузорӣ, амалиёт, низомӣ
мина сад, монеа, мавҷгузорӣ, амалиёт, низомӣ
Минагузорӣ дар амалиёти вижаи низомӣ: "Змей Горинич" ва "Земледелие" чӣ гуна кор мекунанд
19:35 29.06.2023 (Навсозишуда: 17:02 04.07.2023) ИМА ва НАТО аз мукаммалии аслиҳа ва заминҳои минакоришудаи русиягӣ дар тааҷҷубанд ва ба нерӯҳои Украина фақат пешниҳоди худкушӣ дода метавонанд
Дар баробари мушакҳои зарбазаниашон дақиқи русиягӣ ва бесарнишинҳои зарбазан, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ маҷмааҳои минатозакунии беназири "Змей Горинич" ва "Земледелие" самаранокии баланди худро муаррифӣ намуда истодаанд.
Техникаи мукаммали қисмҳои ҳарбии муҳандисӣ имкон медиҳанд ба таври ихчам мудофиаро ташкил намуда, ба зудӣ ба ҳуҷум гузашта шавад.
Зерсохторҳои Ҳавзаи низомии Марказии Русия 27 июн ба таври таъҷилӣ аз байни заминҳои аз ҷониби артиши Украина миназоркардашуда дар самти Краснолиманск гузаргоҳҳо кушоданд, ва нуқтаҳои идоракунии душманро дар ин самт нобуд сохтанд.
Дастгоҳҳо ё худ мошинҳои реактивии минатозакунии худгарди УР-77 бо сабаби он, ки асари равшаниву садоӣ доранд, лақаби "Змей Горинич " (“Аждаҳор”)-ро гирифтаанд ва дар майдони ҷанг онҳо имкон медиҳанд қувваҳои мусаллаҳи ФР талаф додани ҳайати шахсӣ ба муваффақиятҳо ноил шаванд.
Мошинҳои русиягии УР-77 ба таври фаъол дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ истифода бурда шуда истодааанд ва дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. "Змей Горинич" дар се дақиқа бо як шиллик дар замини миназори душман гузаргоҳи бараш аз 6 то 14 метр ва дарозиаш 100 метраро муҳайё месозад.
Аз тарафи дигар, дар самтҳои Запорожетс ва Южно-Донетск ба низомиёни русиягӣ барои баргардонидани ҳуҷумҳои шадиди артиши украинӣ монеаҳои пурқудрати минагӣ кӯмак мерасонанд. Ин монеаҳо тавассути дастгоҳҳои навтарини минагузории "Земледелие" ба таври фосилавӣ аз масофаи аз 5 то 15 километр нав карда мешаванд.
Навори рӯзи гузашта нашршуда бо тасвири ҳамлаи ҷавобии бригадаи хосаи механиконидашудаи 47-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина (ки мутобиқи стандартҳои натогӣ омода карда шудааст) имкон медиҳад боварӣ ҳосил кунем, ки ҳамла бо даромадани техникаи низомӣ ба замини миназор ба охир расид.
Вақте низомиёни украинӣ аз мошинҳои ҷангии таркидашон берун шуданд, минаҳои зиддипиёдагард ба кор даромаданд – дар ин ҳол дар заминҳо зиёд пойҳо монданд. Ва ин ҷо, мумкин, саҳми муҳосиботи "Земледелие" ҳам ҳаст.
Тибқи иттилои нашрияи амрикоии TheDrive, дар муддати кӯтоҳ дар театри амалиёти низомии украинӣ аз 109 адад мошини ҷангии хушкигарди Bradley-и ба Киев додашуда 24 ададашон нобуд карда шуданд, зарар диданд ва ё партофта шуданд.
Дар асл бошад, вазъият барои комплекси саноати ҳарбии ИМА ва Пентагон боз ҳам фоҷеабортар рушд меёбад. Таи се ҳафтаи “ҳамлаи ҷавобӣ” қувваҳои мусаллаҳи Украина бебозгаш 259 танк, 780 мошинҳои ҷангии зиреҳпӯш (аз ҷумла - техникаи амрикоӣ) - ғайр аз 14 ҳазор аскаронашон – талаф доданд.
Монеаҳои русиягии минагӣ шабонарӯзӣ ва пурсамар амал менамоянд, танҳо шаби бар 28 июн се танк ва се мошини ҷангии хушкигард дар самти Запорожетс нобуд карда шуданд.
Пентагон чашмдор набуд, ки талафотҳои артиши украинӣ дар “саҳроҳои азими миназор” ин қадар фалокабор мешаванд. Хотиррасон менамоям, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ талафоти душман 10,3 ҳазор танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯшро ташкил дод.
"Змей Горинич" –и боэътимод
УР-77 ё худ “Змей Горинич”-и пуриқтидор аз танаи зиреҳпӯш дар асоси гаубитсаи худгарди 2С1 "Гвоздика" ва ду таҷҳизоти партобдиҳандаи дар болои зиреҳпӯш насбшуда иборат аст. Ду таҷҳизоти партобдиҳанда дар дохил ресмон ва ё худ таноби ғафс ва моддаи тарканда доранд.
Аслиҳаи махсуси реактивӣ нишон гирифта, 725 кг пластитро дар зарфи ихчам ба замини миназор “дароз мекашад”, таркиши баамалмеомада кафолати долони бехартарро медиҳад. Лоиҳаи бобарор ва таркиби боэътимод – "Змей Горинич" дар шароити ҷангӣ боре ҳам ноумед накардааст
Дар вақти таъиншуда ин мошин дар хати фронт мавқеъ мегирад, милаҳояшро зери кунҷи муайян мебардорад ва “мор”-ро (танобро бо моддаи тарканда), ки дар баландии 10 километр парвоз мекунад, сар медиҳад.
Пас аз таранг шудани тормози таноб, ки думи зарядро (танобро) бо мошин мепайвандад, командир-оператор мошинро ба пас меронад. Таноб ба сатҳи замин баробар мешавад , бо истифода аз кабел (он дохили таноби тормоз ҷой карда шудааст) “мор”-ро меканад. Ва гузаргоҳ – омода.
Ҳини дарозии 100 метр бари долони бехатар дар замини зиддитанкӣ 6 метрро ташкил медиҳад, минаҳои зиддипиёдагард бошанд – дар бари то 14 метр нобуд карда мешаванд. Аз ҷумла, дар ин долон нобудсозии қувваҳои зиндаи душман низ аз эҳтимол дур нест.
Таҷҳизот ва ё худ мошини аз мина тозакунӣ бехатар ва дар истифода хеле осону сода аст. Танаи зиреҳпӯш ва чархҳои тасмачарх ба УР-77 имкон медиҳанд, ки тезтар ба хати тамоси ҷангӣ бо душман бирасанд ва раҳораҳ барои пиёдагардон ва техникаи зиреҳпӯш роҳ кушоянд.
Дар ҳамин ҳол, экипажи “Змей Горинич” (механик-ронанда ва командир -оператор) ҳатто аз мошин намебароянд. Бо УР-77 полкҳои танкӣ ва мототирандозӣ мусаллаҳанд, дар ҷанг тибқи нақшаи командир истифода бурда мешаванд.
Зарядҳои ҳамсони аз мина тозакунии М58-ро амрикоиҳо низ доранд, ки онҳо дар танаи мошинҳои муҳандисӣ ва ё худ дар ядаки пайваст (притсеп) ҷойгир карда шудаанд. Мушаки сӯзишвориаш сахт рӯдаи полиэтилении чандири бо С4 пуркардашударо рӯи замин мелағжонад ва ё худ мекашад.
Дар назария таркиш бояд ҳамон натиҷаро диҳад (долони 100 метра дар замини миназор), аммо системаи амрикоӣ дар шароити ҷангӣ беэътимодӣ нишон доданд, моддаҳои тарканда ва экипаж бошанд аз оташи душман ягон гуна ҳифз карда намешаванд. Таркиби басо хатарнок.
Дар фарқ аз “Змей Горинич”-и дар нуқтаҳои доғи сайёра санҷидашуда, истифодаи фаъолонаи мошинҳои муҳандисии минакории фосилавии "Земледелие"-ро ба қарибӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ – дар театри амалиёти ҷангии украинӣ - оғоз намуданд.
Дар охири моҳи июн ҳам расму ҳам навори натиҷаҳои таркидани қатораҳои техникаи натогии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро, аз қабили "Леопард" ва "Брэдли", машинҳои аз мина тозакунӣ - ҳама ҷаҳон дид ва тамошо кард – ҷараёни таркидани онҳоро дар заминҳои аз ҷониби муҳандисони низомии русиягӣ бо минаҳо“парвариш кардашуда”.
Системаи муҳандисии миназоркунии фосилавӣ (ИСДМ) "Земледелие" сабки кори ситемаи реактивии оташи силсилавиро дорад. Дар мошини ҷангӣ 50 роҳнамоикунандаи калибраш 122 мм барои бурдани оташи силсилавӣ ҷойгир карда шудааанд.
Тирҳои реактивии тӯпҳо минаҳоро дар минтақтаи таъиншуда ба ҳар тараф мепошад (дар майдони паҳноиаш баробари якчанд майдони футбол). Дар ин ҳангом замини минакорикардашудаи мураккабиаш дилхоҳро шакл медиҳад, аз ҷумла – бо тарҳе, ки барои гузаштани артиши худӣ омода бошад.
Дар ҳамбастагӣ бо хадамоти ҷосусӣ, якчанд мошини "Земледелие" метавонанд ба таври таъҷилӣ ҳамлаи душманро дар фронти васеъ ва дар дилхоҳ самт боздорад (ҳатто дар ҷое, ки он ҷо заминҳои минакорикардашуда набошанд ҳам).
Гунногунии аслиҳаи "Земледелия" имкон медиҳад заминҳои минакоришудаи зиддипиёдагардӣ, зиддитанкӣ ва ё худ омехта шакл дода шаванд.
Барои шикасти аскрони пиёдагард минаҳои ПОМ-3 (минаҳои зиддипиёдагарди дорои шикстапораҳо) – бо муайянкунандаи қадамҳо ва интиқолдиҳандаҳои сейсмикӣ истифода бурда мешаванд. Ба замин силиндрхои диаметрашон 6 сантиметра ва баландиашон 18 сантиметра ба таври амудӣ меистанд, онҳо худро гирон мекунанд, аз силинд ресмонҳои нафистарин бо борчаҳояшон берун мепаранд.
Агар ба чунин ресмон дармонанд ё расида гузаранд, мина боло ҷаҳида, дар ҷараёни парвоз метаркад ва душманро бо шикастапораҳояш нобуд месозад. "Майна"-и электронии аслиҳа роҳгардии одамро аз қадамзании ҳайвон фарқ мекунад ва фақат ҳини наздик шудани душман метаркад.
Минаҳои зиддитанкии ПТМ-4М ҳам дар “ақл” аз онҳо монданӣ надорад: ПТМ-4М, вақте аз бараш танк ё техникаи дигар мегузарад, халалдоршавии магнитиро дошта мегиранд. Фақат ҳини гузаштани техникаи вазнини зиреҳпӯш ба кор медароянд.
Дар ҳамин ҳол, ин аслиҳаро аз мина тоза карда намешавад. Агар аз ҷояш ҷунбонед, таркиш сурат мегирад (муодили 1,5 кг тротил). Ҳини зарурият ба “майна”-ҳои минаҳои зиддитатнкии ПТМ-4М вақти худбартарафкунӣ ворид карда мешавад.
Пайдост, ки мутахассисони ИМА ва НАТО аз мукаммалии аслиҳа ва технологии заминҳои русии минакорикардашуда басо дар тааҷҷубанд. Бинобар ин, қодиранд фақат "Брэдли" илова кунанду ба қувваҳои зиндаи артиши Украина “пуртаъсир” пешниҳод намоянд, ки дар “ҳамлаи ҷавобӣ” худкушӣ кунанд.