https://sputnik.tj/20230626/vkd-tasdiq-mukofot-muovini-raisi-oriyonbonk-duzdidand-1057912757.html
ВКД тасдиқ карду мукофот эълон кард: Муовини раиси "Ориёнбонк"-ро дуздиданд
ВКД тасдиқ карду мукофот эълон кард: Муовини раиси "Ориёнбонк"-ро дуздиданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст барои ошкор намудани ҷинояти одамрабоӣ бо онҳо мусоидат намоянд
2023-06-26T13:34+0500
2023-06-26T13:34+0500
2023-06-26T13:34+0500
дар тоҷикистон
дуздӣ
одамрабоӣ
вкд
тасдиқ
мукофот
бонк
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/97/1022629784_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_a3f08631b2e03a325c06c241aad7a91c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ба иттилои ВКД Тоҷикистон рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда аз ҷониби 4 шахси ношинос бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи "Хюндай-Соната", рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.Ба иттилои ВКД ин шахсон бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.ВКД қайд кардааст, ки вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.Зикр карда шудааст, ки нафароне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.Қайд карда шудааст, ки таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат ва ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки "Ориёнбонк" яке аз бузургтарин ва бонки низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20210426/nota-bishkek-dushanbe-qirghiziston-tojik-odamraboi-1039051744.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102262/97/1022629784_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_3fffedeb093a3aad87cf83b02767ec72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, дуздӣ, одамрабоӣ, ҷиноят, ҷурм, муовини раис, мукофот, тасдиқ
тоҷикистон, вкд, дуздӣ, одамрабоӣ, ҷиноят, ҷурм, муовини раис, мукофот, тасдиқ
ВКД тасдиқ карду мукофот эълон кард: Муовини раиси "Ориёнбонк"-ро дуздиданд
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст барои ошкор намудани ҷинояти одамрабоӣ бо онҳо мусоидат намоянд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ба иттилои ВКД Тоҷикистон рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда аз ҷониби 4 шахси ношинос бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи "Хюндай-Соната", рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Ба иттилои ВКД ин шахсон бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.
ВКД қайд кардааст, ки вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.
Зикр карда шудааст, ки нафароне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат ва ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки "Ориёнбонк" яке аз бузургтарин ва бонки низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.