https://sputnik.tj/20230624/saforat-tojikiston-maskav-bino-nav-mekuchad-1057888234.html
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба бинои нав мекӯчад
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба бинои нав мекӯчад
Sputnik Тоҷикистон
Меҳмонхонаи маъруфи Тоҷикистон дар Маскав (Гостевой дом) қарор аст ба бинои нави сафорати кишвар дар Русия мубаддал шавад
2023-06-24T14:51+0500
2023-06-24T14:51+0500
2023-06-24T14:51+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сафорати тоҷикистон дар фр
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6806137e3b72b8f8a92c330c5a361635.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Маскав намояндагии дипломатии Тоҷикистон тағйири макон мекунад, иттилоъ дод вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. Ба иттилои Вазорат Сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов бино 3 қарор дорад, кӯч мебандад. Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия бо ҳамтои русаш мулоқот кард.Баъд аз музокирот миёни Русияву Тоҷикистон Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Қобили зикр аст, ки мавзӯи моликияти дипломатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар рӯзномаи музокироти дуҷониба қарор дошта, ҳатто роҳбарони ду давлат низ ин масъаларо баррасӣ карда, гуфтушунидҳои баъдии ҳайатҳо таҳти роҳбарии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон идома ёфтааст. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон илова намуд, ки бо имзои ин санад гуфтушунидҳои сисола оид ба моликияти дипломатӣ хотима ёфтанд ва ҳамакнун Сафорат ба бинои нав кӯч мебандад ва бо ин шароити кори намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар Москва беҳтар хоҳад шуд.Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов ҷойгир шудааст. Меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская воқеъ шудааст.
https://sputnik.tj/20230619/imzoi-sanadi-hamkori-rusiya-muhriddin-lavrov-sozish-1057792538.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102980/10/1029801028_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_37dfac7d3928bfa5c615b6f34c9906ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия сафорати тоҷикистон маскав
тоҷикистон русия сафорати тоҷикистон маскав
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба бинои нав мекӯчад
Эксклюзив
Меҳмонхонаи маъруфи Тоҷикистон дар Маскав (Гостевой дом) қарор аст ба бинои нави сафорати кишвар дар Русия мубаддал шавад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Маскав намояндагии дипломатии Тоҷикистон тағйири макон мекунад, иттилоъ дод вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои Вазорат Сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов бино 3 қарор дорад, кӯч мебандад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия бо ҳамтои русаш мулоқот кард.
Баъд аз музокирот миёни Русияву Тоҷикистон Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки мавзӯи моликияти дипломатӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар рӯзномаи музокироти дуҷониба қарор дошта, ҳатто роҳбарони ду давлат низ ин масъаларо баррасӣ карда, гуфтушунидҳои баъдии ҳайатҳо таҳти роҳбарии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон идома ёфтааст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон илова намуд, ки бо имзои ин санад гуфтушунидҳои сисола оид ба моликияти дипломатӣ хотима ёфтанд ва ҳамакнун Сафорат ба бинои нав кӯч мебандад ва бо ин шароити кори намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар Москва беҳтар хоҳад шуд.
Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов ҷойгир шудааст.
Меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская воқеъ шудааст.