https://sputnik.tj/20230619/imzoi-sanadi-hamkori-rusiya-muhriddin-lavrov-sozish-1057792538.html
Имзои се санади нави ҳамкорӣ бо Русия: Муҳриддин ва Лавров дар бораи чӣ созиш карданд?
Имзои се санади нави ҳамкорӣ бо Русия: Муҳриддин ва Лавров дар бораи чӣ созиш карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия дар Маскав масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
2023-06-19T18:05+0500
2023-06-19T18:05+0500
2023-06-19T18:05+0500
дар тоҷикистон
русия
ишев муҳриддин одинаҳатович
сергей лавров
ҳамкорӣ
санад
имзо
вазири хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057792366_0:25:1200:700_1920x0_80_0_0_128726a8c0fd266ba689151de15068d1.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст вазорати хориҷа.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот вазири хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ намуданд.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо дар бораи ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса доданд.Таъкид шудааст, ки вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ дар бораи ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.Ҳамзамон Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки вз натиҷаи мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров санадҳои зерин ба имзо расид:Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров дар авоили моҳи июн ба Тоҷикистон сафар дошт. Вай дар ин сафараш бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин, дидору гуфтугӯ дошта, ҷонибҳо вазъи Афғонистон, рушди равобити дуҷониба ва кумаки Русия дар таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20230606/lavrov-kas-nametavonad-miyon-rusiya-tojikiston-fosila-ejod-1057571467.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057792366_0:0:1068:800_1920x0_80_0_0_495ce29c75ada966b3162045103f9a3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, имзо, санад, равобит, сироҷиддин муҳриддин, сергей лавров, созиш, вазири хориҷаи тоҷикистон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, имзо, санад, равобит, сироҷиддин муҳриддин, сергей лавров, созиш, вазири хориҷаи тоҷикистон
Имзои се санади нави ҳамкорӣ бо Русия: Муҳриддин ва Лавров дар бораи чӣ созиш карданд?
Тоҷикистону Русия дар Маскав масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Русия сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот вазири хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо дар бораи ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса доданд.
Таъкид шудааст, ки вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ дар бораи ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамзамон Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки вз натиҷаи мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров санадҳои зерин ба имзо расид:
Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Лавров дар авоили моҳи июн ба Тоҷикистон сафар дошт.
Вай дар ин сафараш бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин, дидору гуфтугӯ дошта, ҷонибҳо вазъи Афғонистон, рушди равобити дуҷониба ва кумаки Русия дар таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.