https://sputnik.tj/20230624/naqd-murd-avgust-chi-ittifoq-meaftad-1057884898.html
“Нақд мурд”: пас аз 1 август чӣ иттифоқ меафтад?
“Нақд мурд”: пас аз 1 август чӣ иттифоқ меафтад?
Sputnik Тоҷикистон
“Амонатбонк”, бонки давлатии Тоҷикистон, дар бораи омодагии бонкҳои кишвар барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ хабар дод
2023-06-24T09:31+0500
2023-06-24T09:31+0500
2023-06-24T09:31+0500
дар тоҷикистон
амонатбонк
ғайринақдӣ
пардохти ғайринақдӣ
корти миллӣ
фармон
бонк
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дирӯз як фармони президенти Тоҷикистон содир шуд, ки бино ба он, тамоми пардохтҳои давлатӣ пас аз 1 августи соли равон бояд тариқи ғақринақдӣ анҷом шаванд.Сироҷуддин Икромӣ, раиси “Амонатбон” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омодагиҳо барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пас аз 23 декабр, рӯзе, ки президенти Тоҷикистон дар паёмаш ин вазифаро ба зиммаи мақомоти зидахл гузошт, оғоз шуд.Бино ба иттилои вай, посттерминалҳои “Амонатбонк” 820 адад дар филиалҳои бонк ва 33 адади дигар дар нозироти андози бархе шаҳру навоҳӣ насб шудаанд, дар ҳоле ки қаблан дар 372 нуқта дар саросари кишвар маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ анҷом мешуд.“Агар як нафар маблағи худро аз банкомат мегирифт, маҷбур буд боз дар филиал навбат пойида, маблағи барқу об ё андозашро супорад. Акнун онҳо метавонанд тариқи замимаҳо аз телефон аз хона ё ҷои кор ва ё кортҳо дар посттерминалҳо кори худро анҷом диҳанд”, - гуфт раиси “Амонабонк”.Вай афзуд, ба ҷуз “Амонатбонк” дигар бонкҳои ҷумҳурӣ низ, ки бо “Корти миллӣ” пайванданд, метавонанд пардохтҳои ғайринақдиро қабул кунанд.“Тамоми бонкҳои Тоҷикистон омодаанд 11 намуди андоз ва беш аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро аз тариқи ғайринақдӣ қабул кунанд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.Тибқи фармони президенти Тоҷикистон аз 22 июни соли равон, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатии иҷозату иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шавад. Ҳамзамон қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳои музднок низ аз ин роҳ анҷом мешаванд.
https://sputnik.tj/20230623/amonatbonk-az-avvali-sol-chi-qadar-amaliyoti-ghayrinaqdi-surat-girift--1057881347.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақд, пул, иттифоқ, амонатбонк, омодагӣ, бонкҳо, ҳисоббаробаркунӣ нақдӣ
тоҷикистон, нақд, пул, иттифоқ, амонатбонк, омодагӣ, бонкҳо, ҳисоббаробаркунӣ нақдӣ
“Нақд мурд”: пас аз 1 август чӣ иттифоқ меафтад?
Эксклюзив
“Амонатбонк”, бонки давлатии Тоҷикистон, дар бораи омодагии бонкҳои кишвар барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дирӯз як фармони президенти Тоҷикистон содир шуд, ки бино ба он, тамоми пардохтҳои давлатӣ пас аз 1 августи соли равон бояд тариқи ғақринақдӣ анҷом шаванд.
Сироҷуддин Икромӣ, раиси “Амонатбон” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омодагиҳо барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пас аз 23 декабр, рӯзе, ки президенти Тоҷикистон дар паёмаш ин вазифаро ба зиммаи мақомоти зидахл гузошт, оғоз шуд.
“Дар ин миён тамоми бонкҳо, аз ҷумла “Амонатбонк” зарфиятҳои шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамиро афзуда, анҷоми пардохтҳо барои аҳолиро хеле сода ва дастрас сохт”, - гуфт Сироҷуддин Икромӣ.
Бино ба иттилои вай, посттерминалҳои “Амонатбонк” 820 адад дар филиалҳои бонк ва 33 адади дигар дар нозироти андози бархе шаҳру навоҳӣ насб шудаанд, дар ҳоле ки қаблан дар 372 нуқта дар саросари кишвар маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ анҷом мешуд.
“Агар як нафар маблағи худро аз банкомат мегирифт, маҷбур буд боз дар филиал навбат пойида, маблағи барқу об ё андозашро супорад. Акнун онҳо метавонанд тариқи замимаҳо аз телефон аз хона ё ҷои кор ва ё кортҳо дар посттерминалҳо кори худро анҷом диҳанд”, - гуфт раиси “Амонабонк”.
Вай афзуд, ба ҷуз “Амонатбонк” дигар бонкҳои ҷумҳурӣ низ, ки бо “Корти миллӣ” пайванданд, метавонанд пардохтҳои ғайринақдиро қабул кунанд.
“Тамоми бонкҳои Тоҷикистон омодаанд 11 намуди андоз ва беш аз 300 намуд пардохтҳои ҳатмиро аз тариқи ғайринақдӣ қабул кунанд”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
Тибқи фармони президенти Тоҷикистон аз 22 июни соли равон, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатии иҷозату иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шавад. Ҳамзамон қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳои музднок низ аз ин роҳ анҷом мешаванд.