https://sputnik.tj/20230623/sarvazir-slovakiya-yagona-baranda-ukraina-1057874766.html
Сарвазири собиқи Словакия ягона баранда дар Украинаро гуфт
Сарвазири собиқи Словакия ягона баранда дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ сарвазири Словакия мегӯяд, кишвараш ба Киев кумаки низомӣ кардааст ва ҳукумати нав ҳоло мехоҳад аз ИМА чарх бол бигирад, аммо бо кадом пул, норушан
2023-06-23T16:53+0500
2023-06-23T16:53+0500
2023-06-23T16:53+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
амалиёти вижа
украина
ғарб
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057874585_0:0:2856:1606_1920x0_80_0_0_2d36ca683f78cfeecfcfa13b4937b3d9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ягона баҳрабардорони вазъ дар Украина истеҳсолкунандагони силоҳи ғарбӣ мебошанд, - гуфт собиқ сарвазири Словакия, раиси ҳизби асосии мухолиф Smer Роберт Фитсо. Вай гуфт, ки Словакия ба Киев кӯмакҳои муҳими низомӣ, аз ҷумла системаи дифои ҳавоӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ироа кардааст, аммо ҳукумати Лудовит Одор, ки моҳи май таъин шуда буд, ба унвони тӯҳфа ба ҷониби Украина ба маблағи 4,2 миллион евро маводи низомии изофӣ фиристодааст. "Ҳатто Худо намедонад, ки ин чӣ буд", - гуфт Фитсо.Ба таъкиди ӯ ҳоло кишвараш хоҳиши ба даст овардани системаи дифои зидди ҳавоии худро эълон кардааст, ҳарчанд пас аз интиқоли чунин система ба Украина итминон дод, ки Словакия аз ҷониби НАТО ба таври кофӣ муҳофизат карда мешавад. Фико инчунин аз нияти ҳукуматдорон барои харидани чархболҳои Амрико бо маблағи ҳангуфт хотиррасон кард, ки ба фикри ӯ, ба ин мамлакат лозим нест. "Ин аз ҳисоби кӣ мешавад? Кӣ камтар пул мегирад? Нафақагирон? Тандурустӣ? Мактабҳо? Роҳҳои оҳан?",- гуфт Фитсо. Дар шарҳи пешниҳоди Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар мавриди тавофуқ дар бораи афзоиши тааҳҳудоти сармоягузории дифоъӣ то ҳадди ақалл 2 дарсади ММД дар нишасти Вилнюс, Фико гуфт, "ҳеҷ асос барои ризояти Словакия ба ин вуҷуд надорад." "На ҳукумати Одор ва на президент ҳуқуқи конститутсиониро надоранд, ки ба чунин ибора розӣ шаванд",- гуфт ӯ. Моҳи апрели соли 2022 Словакия системаи дифои ҳавоии С-300-ро ба Украина супурд. Моҳи апрели соли 2023 ҷониби Словакия интиқоли ҷангандаҳои МиГ-29 ба Украинаро низ анҷом дод. Фико қаблан иддао карда буд, ки ҷангандаҳои МиГ-29 бо нақзи дағалона қонуни асосии ин кишвар ба Украина интиқол дода шудаанд. Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд. Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина бо Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад. Рӯзе пеш аз ин Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, он чизе, ки Ғарб ба Киев дода буд ва идома хоҳад дод, ба ҷараёни амалиёти вижа таъсири ҷиддӣ нахоҳад гузошт.
https://sputnik.tj/20230622/putin-gharb-tasmim-rusiya-okhirin-ukraini-bijangad-1057860017.html
https://sputnik.tj/20230619/vkkh-rusiya-hamkori-kiev-nato-sulhro-takhir-1057787639.html
русия
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057874585_70:0:2691:1966_1920x0_80_0_0_627e3fcc91f87397b53e6148513d6366.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
словакия баранда украина
Сарвазири собиқи Словакия ягона баранда дар Украинаро гуфт
Собиқ сарвазири Словакия мегӯяд, кишвараш ба Киев кумаки низомӣ кардааст ва ҳукумати нав ҳоло мехоҳад аз ИМА чархбол бигирад, аммо бо кадом пул - норушан
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ягона баҳрабардорони вазъ дар Украина истеҳсолкунандагони силоҳи ғарбӣ мебошанд, - гуфт собиқ сарвазири Словакия, раиси ҳизби асосии мухолиф Smer Роберт Фитсо.
"Ягона ғолиб дар Украина корхонаҳои аслиҳаи Ғарб аст ва баъдан бисёриҳо то ҳол дар ҳайрат ҳастанд, ки чаро ҳеҷ кас сулҳро дар Украина намехоҳад",- навиштааст Фитсо дар паёме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Вай гуфт, ки Словакия ба Киев кӯмакҳои муҳими низомӣ, аз ҷумла системаи дифои ҳавоӣ, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ироа кардааст, аммо ҳукумати Лудовит Одор, ки моҳи май таъин шуда буд, ба унвони тӯҳфа ба ҷониби Украина ба маблағи 4,2 миллион евро маводи низомии изофӣ фиристодааст.
"Ҳатто Худо намедонад, ки ин чӣ буд", - гуфт Фитсо.
Ба таъкиди ӯ ҳоло кишвараш хоҳиши ба даст овардани системаи дифои зидди ҳавоии худро эълон кардааст, ҳарчанд пас аз интиқоли чунин система ба Украина итминон дод, ки Словакия аз ҷониби НАТО ба таври кофӣ муҳофизат карда мешавад.
Фико инчунин аз нияти ҳукуматдорон барои харидани чархболҳои Амрико бо маблағи ҳангуфт хотиррасон кард, ки ба фикри ӯ, ба ин мамлакат лозим нест.
"Ин аз ҳисоби кӣ мешавад? Кӣ камтар пул мегирад? Нафақагирон? Тандурустӣ? Мактабҳо? Роҳҳои оҳан?",- гуфт Фитсо.
Дар шарҳи пешниҳоди Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар мавриди тавофуқ дар бораи афзоиши тааҳҳудоти сармоягузории дифоъӣ то ҳадди ақалл 2 дарсади ММД дар нишасти Вилнюс, Фико гуфт, "ҳеҷ асос барои ризояти Словакия ба ин вуҷуд надорад."
"На ҳукумати Одор ва на президент ҳуқуқи конститутсиониро надоранд, ки ба чунин ибора розӣ шаванд",- гуфт ӯ.
Моҳи апрели соли 2022 Словакия системаи дифои ҳавоии С-300-ро ба Украина супурд.
Моҳи апрели соли 2023 ҷониби Словакия интиқоли ҷангандаҳои МиГ-29 ба Украинаро низ анҷом дод.
Фико қаблан иддао карда буд, ки ҷангандаҳои МиГ-29 бо нақзи дағалона қонуни асосии ин кишвар ба Украина интиқол дода шудаанд.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад шуд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина бо Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Рӯзе пеш аз ин Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, он чизе, ки Ғарб ба Киев дода буд ва идома хоҳад дод, ба ҷараёни амалиёти вижа таъсири ҷиддӣ нахоҳад гузошт.