Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Ғарб тасмим гирифтааст, ки бо Русия то охирин украинӣ биҷангад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Президенти Русия дар бораи дурнамои ҳамлаи ҷавобии артиши Украина ва интиқоли минбаъдаи аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ аз сӯи Ғарб изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 22 июнь — Sputnik. Кишварҳои Ғарб тасмим гирифтанд, ки бо Русия “то охирин украинӣ” биҷанганд, - гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои Амният.
"Таҷҳизотро, албатта, метавон ба таври иловагӣ ворид кард. Аммо, захираи сафарбаркунӣ бемаҳдуд нест", - таъкид кард ӯ.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Путин, иқтидори ҳамлаи артиши Украина ҳанӯз тамом нашудааст.

"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳангоми ташкили корҳои ҷангӣ инро ба назар гиред: шумо бояд аз воқеият баромад кунед", - таъкид кард раҳбари Русия.

Дар ин нишаст ҳамчунин вазъи артиши Русия низ баррасӣ шуд.
ПМЭФ-2023. Президент РФ В. Путин на пленарном заседании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: танкҳои ғарбӣ дар Украина даруни оташанд
Ҳамин тавр, ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, то охири моҳи июн дар Русия як артиши эҳтиётӣ ва як корпуси дигар ташкил карда хоҳад шуд: ин воҳидҳо беш аз 3,7 ҳазор таҷҳизоти низомӣ мегиранд.
Илова бар ин, вазири дифоъ қайд кард, ки “панҷ гурӯҳ ташкил ва ҳоло то 60% пур карда шудааст”.
"Мо захираҳоро ҳам аз лиҳози таҷҳизот ва ҳам аз лиҳози кадрӣ фаъолона ташаккул медиҳем", - гуфт вазир.
Лентаи хабарҳо
0