https://sputnik.tj/20230619/vkkh-rusiya-hamkori-kiev-nato-sulhro-takhir-1057787639.html
ВКХ Русия: Ҳамкории Киев бо НАТО танҳо сулҳро ба таъхир меандозад
ВКХ Русия: Ҳамкории Киев бо НАТО танҳо сулҳро ба таъхир меандозад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Русия бори дигар қайд кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба таъмини амнияти режими Киев манфиатдор нестанд ва танҳо сулҳро ба таъхир меандозанд
2023-06-19T16:25+0500
2023-06-19T16:25+0500
2023-06-19T16:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
ғарб
нато
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1034264053_0:195:3076:1925_1920x0_80_0_0_8fa55e8375e7ef82ad12442d23e8b487.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҳамкории Украина ва НАТО танҳо ҳалли бӯҳрон ва фарорасии сулҳро ба таъхир меандозад, гуфт Алексей Полишук, директори департаменти дуюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия. Полишук дар суҳбат бо ТАСС илова кард, маҳз нодида гирифтани манфиатҳои Маскав аз ҷониби Паймони Атлантикаи Шимолӣ яке аз сабабҳои ба амал омадани низоъ мебошад. "Аз солҳои 90-ум мо ба пешравии беандешонаи ин блоки таҷовузкоронаи низомӣ ба марзҳои худ муқобилат карда, ҳушдор додем, ки амнияти баъзе кишварҳоро аз ҳисоби амнияти кишварҳои дигар таъмин кардан ғайриимкон нест",- гуфт намояндаи ВУХ Русия. Ба гуфтаи вай, ба ҷониби Ғарб имконоти зиёде барои ҳалли мушкилот, аз ҷумла тавассути эҷоди фазои ягонаи ҳамкориҳои Евроатлантикӣ ва Авруосиё пешниҳод шудааст. "Мутаассифона, Ғарб роҳи муқобиларо давом дода истодааст",- гуфт ӯ дар хотима Қаблан хабар дода шуда буд, ки нерӯҳои НАТО метавонанд дар низоъ дар Украина ширкат кунанд. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли собиқи ин созмон, гуфт, кишварҳои соҳили Балтик ва Лаҳистон метавонанд "эътилофи майл"-ро барои эъзоми нирӯҳо ба Украина барои кумак ҷамъ кунанд. Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд. Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20230608/rahbar-sobiq-nato-imkon-ezom-paymon-ukraina-1057614898.html
русия
украина
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1034264053_191:0:2920:2047_1920x0_80_0_0_7e101fa9ce946b9950f4e3de8fe550da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия киев нато сулҳ таъхир
русия киев нато сулҳ таъхир
ВКХ Русия: Ҳамкории Киев бо НАТО танҳо сулҳро ба таъхир меандозад
Вазорати корҳои хориҷии Русия бори дигар қайд кард, ки кишварҳои ғарбӣ ба таъмини амнияти режими Киев манфиатдор нестанд ва танҳо сулҳро ба таъхир меандозанд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҳамкории Украина ва НАТО танҳо ҳалли бӯҳрон ва фарорасии сулҳро ба таъхир меандозад, гуфт Алексей Полишук, директори департаменти дуюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Мутаассифона, ҳадафи Ғарб амнияти Украина нест, балки истифода аз он ҳамчун абзори мубориза бо Русия аст. Ҳамкориҳои наздики имрӯзаи режими Киев ва НАТО, ҳатто бидуни сабти номи расмии узвият дар ин созмон, моро ба сулҳ наздиктар намекунад, вале ҳалли буҳронро ба таъхир меандозад", — гуфт ӯ.
Полишук дар суҳбат бо ТАСС илова кард, маҳз нодида гирифтани манфиатҳои Маскав аз ҷониби Паймони Атлантикаи Шимолӣ яке аз сабабҳои ба амал омадани низоъ мебошад.
"Аз солҳои 90-ум мо ба пешравии беандешонаи ин блоки таҷовузкоронаи низомӣ ба марзҳои худ муқобилат карда, ҳушдор додем, ки амнияти баъзе кишварҳоро аз ҳисоби амнияти кишварҳои дигар таъмин кардан ғайриимкон нест",- гуфт намояндаи ВУХ Русия.
Ба гуфтаи вай, ба ҷониби Ғарб имконоти зиёде барои ҳалли мушкилот, аз ҷумла тавассути эҷоди фазои ягонаи ҳамкориҳои Евроатлантикӣ ва Авруосиё пешниҳод шудааст.
"Мутаассифона, Ғарб роҳи муқобиларо давом дода истодааст",- гуфт ӯ дар хотима
Қаблан хабар дода шуда буд, ки нерӯҳои НАТО метавонанд дар низоъ дар Украина ширкат кунанд.
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли собиқи ин созмон, гуфт, кишварҳои соҳили Балтик ва Лаҳистон метавонанд "эътилофи майл"-ро барои эъзоми нирӯҳо ба Украина барои кумак ҷамъ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.