https://sputnik.tj/20230623/patrushev-ima-britoniyo-avzoi-osiyoi-markazi-mutashannij-1057879416.html
Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд
Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои амнияти Русия хоҳиши муташанниқ кардани авзоъ дар Осиёи Марказиро авлавитяи Илоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё номид
2023-06-23T17:59+0500
2023-06-23T17:59+0500
2023-06-23T17:59+0500
русия
дар русия
дар ҷаҳон
осиёи марказӣ
има
бритониё
вазъ
муташанниҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_eb6cac9bcb0f87997ffab16a7a8f02df.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё муташанниҷ кардани вазъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавияти худ қарор додааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия. "Осиёи Марказӣ ҳадафи аввалиндараҷаи таъсири иттилоотии онҳо барои мустақар намудани назорат бар сари аҳолӣ шудааст. Қаллобии афкори ҷамъият аз ҷониби Вашингтон ва Лондон ба муташанниҷ кардани вазъи сиёсии дохилӣ, фишор овардан ба мақомот ва ташаккули як табақаи аҳолӣ, ки ба арзишҳои онҳо наздиканд ва муғоири анъанаҳои чандинасраи халқҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, равона шудааст", - гуфт оқои Патрушев дар Алмаато дар нахустин нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар шакли "Осиёи Марказӣ ва Русия". Дар ин ҷаласа амнияти Осиёи Марказӣ ва Русия дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки ИМА талош доранд сокинони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро ба низои Украина бикашанд. Вай гуфт, Вашингтон ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ фишор меорад ва талош дорад, ки шаҳрвандони онҳоро ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ҷалб намояд, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия. "Ҳоло ИМА бори дигар дар пайи барангехтани низоъҳо дар атрофи Русия ҳастанд ва болои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ фишор меоранд то кӯшиш кунанд шаҳрвандони онҳоро ба ҷанги Украина бикашанд", - гуфт оқои Патрушев зимни суханронӣ дар Налчик дар нишасти масоили амниятӣ дар Қавқози Шимолӣ.
https://sputnik.tj/20230413/patrushev-ima-kishvarhoi-sobiq-shuravi-fishor-1056435676.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_1e616b872006467fb2fa6a194c906c0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, осиёи марказӣ, бритониё, има, муташанниҷ, вазъ, аввлавият, сиёсат
русия, осиёи марказӣ, бритониё, има, муташанниҷ, вазъ, аввлавият, сиёсат
Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд
Раиси Шӯрои амнияти Русия хоҳиши муташанниқ кардани авзоъ дар Осиёи Марказиро авлавияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё номид
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё муташанниҷ кардани вазъро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавияти худ қарор додааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Осиёи Марказӣ ҳадафи аввалиндараҷаи таъсири иттилоотии онҳо барои мустақар намудани назорат бар сари аҳолӣ шудааст. Қаллобии афкори ҷамъият аз ҷониби Вашингтон ва Лондон ба муташанниҷ кардани вазъи сиёсии дохилӣ, фишор овардан ба мақомот ва ташаккули як табақаи аҳолӣ, ки ба арзишҳои онҳо наздиканд ва муғоири анъанаҳои чандинасраи халқҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, равона шудааст", - гуфт оқои Патрушев дар Алмаато дар нахустин нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар шакли "Осиёи Марказӣ ва Русия".
Дар ин ҷаласа амнияти Осиёи Марказӣ ва Русия дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки ИМА талош доранд сокинони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравиро ба низои Украина бикашанд.
Вай гуфт, Вашингтон ба ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ фишор меорад ва талош дорад, ки шаҳрвандони онҳоро ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ҷалб намояд, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Ҳоло ИМА бори дигар дар пайи барангехтани низоъҳо дар атрофи Русия ҳастанд ва болои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ фишор меоранд то кӯшиш кунанд шаҳрвандони онҳоро ба ҷанги Украина бикашанд", - гуфт оқои Патрушев зимни суханронӣ дар Налчик дар нишасти масоили амниятӣ дар Қавқози Шимолӣ.