https://sputnik.tj/20220630/tojikiston-saudi-korkhona-mushtarak-1049647684.html
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ ба содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ҳавасманд аст
2022-06-30T22:00+0500
2022-06-30T22:00+0500
2022-06-30T22:00+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
бунёди коргоҳи истеҳсолӣ
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/18/1022611871_0:131:2500:1537_1920x0_80_0_0_8aaf27d7342881bc592068d449ecdb9c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис диҳанд. Дар ин росто, дар ояндаи наздик созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ имзо мешавад.Хабари омодагӣ ба имзои ин созишнома, зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баён гардидааст.Бино ба гузориши маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, созишнома ва Ёддошти тафоҳум барои:Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди соҳа ва дурнамои муносибот миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.Каримзода гуфтааст, ки "ҳамкории мо дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, мо ҷиҳати тақвияти онҳо ба манфиати мутақобила хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузургро дорем".Тоҷикистон бо як кишвари маъруфи мусалмонӣ парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунадВалид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон бошад, доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ҳавасмандии хешро иброз намудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/18/1022611871_140:0:2361:1666_1920x0_80_0_0_18cb2994e5d9e5ae3cc0e77e5c18f190.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лоиҳаҳои арабистони саудӣ дар тоҷикистон
лоиҳаҳои арабистони саудӣ дар тоҷикистон
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд
Арабистони Саудӣ ба содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳавасманд аст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис диҳанд.
Дар ин росто, дар ояндаи наздик созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ имзо мешавад.
Хабари омодагӣ ба имзои ин созишнома, зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон баён гардидааст.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, созишнома ва Ёддошти тафоҳум барои:
таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм;
ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ, ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Саудӣ;
тақвият додани муносибот дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Арабистони Саудӣ;
ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақим дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо хоҳад расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди соҳа ва дурнамои муносибот миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.
Каримзода гуфтааст, ки "ҳамкории мо дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, мо ҷиҳати тақвияти онҳо ба манфиати мутақобила хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузургро дорем".
Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон бошад, доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ҳавасмандии хешро иброз намудааст.