Сокинони деҳаи Сори Панҷакент бо ҳашар пуле сохтанд, ки онро сел хароб карда буд

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентСохтмони пул Деҳаи Сори Панҷакенти Тоҷикистон
Сохтмони пул Деҳаи Сори Панҷакенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент корҳои зиёди ободониро тарҳрезӣ карда, ҳоло аз паи иҷрои онҳо ҳастанд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳангоми сафари корӣ ба деҳаи Сор пули навро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ин пулро, ки дар роҳи Моғиён – Фароб воқеъ аст ва ба асари сел хароб шуда буд, сокинони деҳа бо сарварии Ҷаҳон Хуҷмаҳмадов аз нав сохтанд.
“Дар маросими ифтитоҳи пул раиси шаҳр барои ин иқдоми шоиста ба сокинони деҳа изҳори сипос намуд ва бо бачаҳои деҳа, ки ба тамошои маросими ифтитоҳи пул омада буданд, сӯҳбат кард”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз ин пештар сокинони деҳаи Пули гирдоб низ бо ташаббуси фаъоли деҳа Илҳом Бурҳонов аз тариқи ҳашар дар роҳи байни деҳа пул сохта буданд.
Панҷакент заминҳо барои кормандони давлатӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Мақомоти Панҷакент ба кормандони давлатӣ барои кишти картошкаву сабзавот замин дод
Ҳамзамон ҷавонони деҳаи Пушти Қурғони Панҷакент иқдом гирифтаанд, ки дар замини соҳили дарёи Моғиён варзишгоҳи замонавӣ бунёд намоянд.
Раиси шаҳр бо ташаббускорони он сӯҳбат намуда, изҳор дошт, ки мақомоти шаҳр дар бунёди он саҳм мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0