Мақомоти Панҷакент ба кормандони давлатӣ барои кишти картошкаву сабзавот замин дод

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентПанҷакент заминҳо барои кормандони давлатӣ
Панҷакент заминҳо барои кормандони давлатӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Панҷакент эълон кард, ки барои хидматчиёни давлатӣ замин ҷудо кардааст то онҳо дар он барои таъмини оилаҳои худ картошкаву сабзавот кишт намоянд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Мақомоти шаҳри Панҷакент барои хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби заминҳои захиравӣ якуним гектар замин ҷудо намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилоии манбаъ, дар ин қитъаи замин кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дигар хидматчиёни давлатӣ барои таъмини оилаи худ картошкаю сабзавот кишт намуданд.
Қайд карда шудаст, ки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ҳангоми сафари корӣ ба Панҷакент ин таҷриба ва иқдомро дар шароити имрӯза хуб ва зарурӣ арозёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласае гуфт, ки дар вилояти Ҳатлон бештар аз 14 ҳазор гектар заминии обии бекор хобидааст.
Продуктовая ярмарка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Тоҷикистон мехоҳад содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чинро афзоиш диҳад
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.
Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.
“Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст”,- гуфт президент.
Раисҷумҳур аз аҳолии кишвар хостааст, ки барои рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0