https://sputnik.tj/20230617/avrupo-rasman-vartai-futurravi-iqtisodiyot-1057757021.html
Аврупо аллакай расман дар вартаи футурравии иқтисодиёташ қарор дорад
Аврупо аллакай расман дар вартаи футурравии иқтисодиёташ қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Он чӣ , ки дар борааш беш аз як сол боз муаллифони муқаррарӣ менавишанд, он чӣ, ки русбадбинон зӯр зада бо қаҳру ғазаб масхара мекарданд, ба вуқӯъ пайваст
2023-06-17T09:30+0500
2023-06-17T09:30+0500
2023-06-17T11:32+0500
амрико
има
русия
дар русия
иқтисод
дар ҷаҳон
олмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047713433_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3f9248cab62187148e1329ee2ed94756.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik, Сергей Савчук. Bloomberg-и амрикоӣ чун аз милтиқи думила маводҳоро паиҳам ба нашр расонид, ки онҳо дурустии ҳисобу китобҳоеро, ки онҳоро сиёсатмадорони асосии аврупоӣ ба назари эътибор намегирифтанд, исбот менамоянд. Нашрия аз нутқи ҷонишини канслери Олмон ва дар як вақт вазири иқтисод иқтибосҳо меорад. Дар ҳамоиши иқтисодӣ дар ҷомеаи олмонии Бад-Заров баромад намуда, Роберт Хабек, бешармона ва бо суханони қабеҳ мегӯяд, ки саноати олмонӣ бо он ҳама гунногуниаш аллакай дар оғози зимистони ҳамин сол метавонад гирифтори бӯҳрони амиқи иқстисодӣ гардад, ва ё худ умуман мавҷудияташро бас кунад. Агар касе ба ин масъалагузорӣ бовар накунад, метавонад ба матнҳои суроғаҳои додаи мо такя кунаду худаш бевосита хонда, ба ин боварӣ ҳосил кунад. Ҳар як хӯҷаин ва ё роҳбари ба худ эҳтиром дошта, ҳатто агар мақоли русиро надонад ҳам, маводҳои ба зимистон заруриро дар тобистон омода менамояд – олмониҳо бошанд ҳама вақт бо дақиқкориашон дар корҳо овозадоранд. Роберт Хабек, ки маълумоти басо мукаммалро дар бораи иқтисодиёти давлаташ дорад, тасдиқ менамояд, ки сабаби фурӯравии иқтисодиёт гази табии русиягӣ мешавад – ҳамон газе, ки аз он бодабдабаву намоишкорона Иттиҳоди Аврупо даст кашида буд ба умеде, ки иқтисодиёт фано шавад –иқтисодиёти русиягӣ. Ҳамсафони Олаф Шолтс дар шахси ҷонишинони канслер, ки якбора аз мастии молиявии энергетикӣ ҳушёр шуданд, бонги хатар мезананд ва ҳикоёти русиягиашонро пардоз медиҳанд: коре карда ба воридоти шарқӣ ивазкунанда наёфтанд, ҳаҷми гази дар махзанҳо доштаашон умуман намерасад. Бар замми ин, касе гуфта наметавонад, ки моҳи сентябр, ки чун анъана дар Аврупо як давраи гузариш маҳсуб меёбад ва оғози мавсими гармидиҳӣ ҳам ҳаст, арзиши барқу сӯзишворӣ ва ангишт чӣ гуна хоҳад буд. Ин ҳоло муқаддима, афсона дар пеш аст Далели дуюми манфӣ - ин ягонагии овозадори аврупоӣ мебошад - ягонагие, ки бо он сари ҳамаи содагону зудбоварҳоро минқор мезаданд. Меъёрҳои мавҷудаи тасдиқшудаи интиқоли гази табиӣ ба ҳар кишвари ИА бо мувофиқа ба таносуби ҳиссагӣ, аз рӯи ҳаҷми иқтисодиёт ва вобаста ба ҳаҷми умумии истеъмол мавҷуданд. Ҳамин гуна, Хабек ошкоро мегӯяд, ки ҳатто дар сурати камчинии сӯзишворӣ дар дохили кишвар, Берлин вазифадор аст содироти газро ба дигар давлатҳо дар шарқ (Лаҳистон дар назар аст) таъмин намояд. Бо ибораи дигар, охирин катраҳои намии ҳаётбахшро кашида гирифта, иқтисоди фалаҷшудаистодаи Лаҳистонро наҷот медиҳанд – ҳатто дар ҳоле, ки агар аз бегазӣ иқтисодиёти худӣ маҳкум ба марг бошад. Ба хотири ҳамон иқтисоди Лаҳистоне, ки дар тӯли мавҷудияташ дар дохили ИА аз ҳама бештар дотатсия мегирифт, яъне ки бе ин ҳам аз ҷиҳати молӣ савори гардани Олмони аз ҷиҳати молӣ доро буд. То он даме, ки дар толор шунидаҳояшонро, ба қавле, ҳазм мекарданд, Роберт Хабек аллакай зарбаи сеюм ва мадҳушкунандаро зад. Аз рӯи баҳодиҳии, бе истисно, ҳамаи мутахассисони соҳа, Русия, шартан, омода аст шартномаҳои амалкунанда бобати содироти газро идома диҳад ё васеътар намояд. Аммо пас аз таркишҳо дар се хати “Маҷрои Шимолӣ” бо назардошти иқтидорҳои ками боқимонда интиқоли газ бамаротиб кам шудааст, ва шартномаҳои навро бошад Маскав, бо дарки ҳолати ночори Брюссел, бо шартҳои тамоман дигар хоҳад баст. Дар ҳамин ҳол, ҳини чунин ранг гирифтани кор аз ҷиҳати назариявӣ ҳам эҳтимолияти иштироки Украина дар ин нақша ба сифр баробар аст.Вазъиятро ҳатто вориди фаъолонаи гази моеъ ба бозор аз ИМА низ дигар карда натавонист.Вазири олмонӣ хотиррасон менамояд, ки сохтмони ягона дар минтақаи шимоли кишвар терминали азнавбагазтаъминкунӣ (амалиёти баргардонидани сӯзишвории моеъ ба ҳолати газӣ, ки баъди он қобили истифода тавассути қубурҳо мегардад), ки соли гузашта ҳукумат онро лозим донист, имрӯз кашол меёбад. Боварнокарданист, аммо ин ҷо Русия ягон гуноҳе надорад. Ба амалишавии сохтмон сокинони маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҳифзи муҳити зист зид баромаданд – онҳое, ки бовар доранд, ки ба истифода додани чунин як иншоот ба табиати соҳил зарар мебинад. Хело кинояомез аст, ин амал ҳамнавои меъёрҳои ҳаракати сабз аст, ки онро худи Берлин фаъолона пеш мебурд, акнун худ ба девори бомароқ сохтааш бо пешонааш зад. Маводи нашршудаи дуюм ҷиддӣ будани вазъиятро зери соя мемононад, зеро дар он саноатчиёни олмонӣ, азҷумла – намояндагони консерни RWE AG вонамуд доранд – оё мумкин аст сектори воқеии Олмон наҷот дода шавад - агар аз махзанҳои зеризаминии нигоҳдории газ дар ғарби Украина истифода баранд . Айни замон махзанҳои зеризаминии гази Ҷаҳони Куҳан ба андозаи 70% пуранд. Зарфҳои зеризаминии вилояти Лвов бошанд фақат ба андозаи сеяк пуранд. Агар иқтидорҳои боқимондаро пур карда шаванду баъд ба Словакия, Лаҳистон, Австрия ва Олмон интиқол дода шаванд, ин фақат камаш 10-15 фоизи талаботро пӯшонида метавонаду халос.Дар ҳамин ҳол омори ақлхиракунанда дастраси ҳамагон гардид. Дар якуним соли охир Иттиҳоди Аврупо, ба хотири пешгирӣ аз воҳима дар бозор ва барои ҷуброн ба истеъмолкунандагони калидӣ аз истифодаи барқу сӯзишворӣ бо нархҳои рекордӣ, 646 миллиард евро сарф намудааст. Маҳз ана ҳамин маблағро агентии таҳлилии Bruegel чун мудохила баҳо медиҳад. Фақат барои маълумот: ҳамаи буҷети низомии давлати моро таҳлилгарони ғарбӣ ба андозаи 65 -70 миллиард доллар баҳогузорӣ кардаанд, яъне ки тақрибар ба даҳ маротиба камтар аз он маблағе, ки ИА сарфи пешгирӣ аз ғарқшавии иқтисодиёти худ кардааст.Нақшаи Украина бегумон қимати худро дорад Маъхазҳои нигоҳдории гази моеи Украина дур аз маҳали амалиётҳои ҷангӣ воқеанд ва таърихан бо кишварҳои ҳамсоя бо қубурҳои монанди тори анкабут печида алоқаманданд, зеро интиқол аз он ҷо дар ҳақиқат ҳам метавонад ба хонаи ларзони аврупоӣ такяе шавад. Муаммое, ки аз он боре ҳам дар маводи чопии ибтидоӣ ёд карда нашудааст, оддӣ ва камаҳмият аст. Махзанҳои зеризаминии украинири газро фақат бо гази русӣ пур кардан мумкин аст, ки ҷараёни ҷоришавии он бо кӯшиши ҳамаи иштирокдорони мухолифатҳои нави таърихӣ рӯз аз рӯз суст мегардад. Вобаста ба ин, андешае ҷой дорад, ки ба Олаф Шолтс ва ҳамсафонаш зурур аст то оғози зимистон хондани ёсин ё гардонидани калима ҳини талвосаи ҷонро ёд гиранд. Лозим мешаванд.
https://sputnik.tj/20230520/antonov-kishvarho-tahrim-amriko-ru-megardonand-1057251301.html
https://sputnik.tj/20230513/amriko-kongressmen-bayden-talab-qobiliyat-ravoni-sanjad-1057092977.html
https://sputnik.tj/20230421/odamfazoi-amriko-tahdid-pentagon-taslim-nameshavad-1056614179.html
https://sputnik.tj/20230609/malum-omil-ima-pushtiboni-ukraina-dast-kashad-1057638421.html
https://sputnik.tj/20230605/nomzad-prezident-ima-guzasht-buzurg-rusiya-1057547750.html
амрико
има
русия
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047713433_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3ce852cdec7acb5d6c22625e215fdd1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, аврупо, иқтисод, қаҳру ғазаб, амрико, има, дар ҷаҳон, сиёсат
русия, аврупо, иқтисод, қаҳру ғазаб, амрико, има, дар ҷаҳон, сиёсат
Аврупо аллакай расман дар вартаи футурравии иқтисодиёташ қарор дорад
09:30 17.06.2023 (Навсозишуда: 11:32 17.06.2023) Он чӣ , ки дар борааш беш аз як сол боз муаллифони муқаррарӣ менавишанд, он чӣ, ки русбадбинон зӯр зада бо қаҳру ғазаб масхара мекарданд, ба вуқӯъ пайваст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik, Сергей Савчук. Bloomberg-и амрикоӣ чун аз милтиқи думила маводҳоро паиҳам ба нашр расонид, ки онҳо дурустии ҳисобу китобҳоеро, ки онҳоро сиёсатмадорони асосии аврупоӣ ба назари эътибор намегирифтанд, исбот менамоянд. Нашрия аз нутқи ҷонишини канслери Олмон ва дар як вақт вазири иқтисод иқтибосҳо меорад.
Дар ҳамоиши иқтисодӣ дар ҷомеаи олмонии Бад-Заров баромад намуда, Роберт Хабек, бешармона ва бо суханони қабеҳ мегӯяд, ки саноати олмонӣ бо он ҳама гунногуниаш аллакай дар оғози зимистони ҳамин сол метавонад гирифтори бӯҳрони амиқи иқстисодӣ гардад, ва ё худ умуман мавҷудияташро бас кунад.
Агар касе ба ин масъалагузорӣ бовар накунад, метавонад ба матнҳои суроғаҳои додаи мо такя кунаду худаш бевосита хонда, ба ин боварӣ ҳосил кунад.
Ҳар як хӯҷаин ва ё роҳбари ба худ эҳтиром дошта, ҳатто агар мақоли русиро надонад ҳам, маводҳои ба зимистон заруриро дар тобистон омода менамояд – олмониҳо бошанд ҳама вақт бо дақиқкориашон дар корҳо овозадоранд.
Роберт Хабек, ки маълумоти басо мукаммалро дар бораи иқтисодиёти давлаташ дорад, тасдиқ менамояд, ки сабаби фурӯравии иқтисодиёт гази табии русиягӣ мешавад – ҳамон газе, ки аз он бодабдабаву намоишкорона Иттиҳоди Аврупо даст кашида буд ба умеде, ки иқтисодиёт фано шавад –иқтисодиёти русиягӣ.
Ҳамсафони Олаф Шолтс дар шахси ҷонишинони канслер, ки якбора аз мастии молиявии энергетикӣ ҳушёр шуданд, бонги хатар мезананд ва ҳикоёти русиягиашонро пардоз медиҳанд: коре карда ба воридоти шарқӣ ивазкунанда наёфтанд, ҳаҷми гази дар махзанҳо доштаашон умуман намерасад.
Бар замми ин, касе гуфта наметавонад, ки моҳи сентябр, ки чун анъана дар Аврупо як давраи гузариш маҳсуб меёбад ва оғози мавсими гармидиҳӣ ҳам ҳаст, арзиши барқу сӯзишворӣ ва ангишт чӣ гуна хоҳад буд.
Ин ҳоло муқаддима, афсона дар пеш аст
Далели дуюми манфӣ - ин ягонагии овозадори аврупоӣ мебошад - ягонагие, ки бо он сари ҳамаи содагону зудбоварҳоро минқор мезаданд. Меъёрҳои мавҷудаи тасдиқшудаи интиқоли гази табиӣ ба ҳар кишвари ИА бо мувофиқа ба таносуби ҳиссагӣ, аз рӯи ҳаҷми иқтисодиёт ва вобаста ба ҳаҷми умумии истеъмол мавҷуданд.
Ҳамин гуна, Хабек ошкоро мегӯяд, ки ҳатто дар сурати камчинии сӯзишворӣ дар дохили кишвар, Берлин вазифадор аст содироти газро ба дигар давлатҳо дар шарқ (Лаҳистон дар назар аст) таъмин намояд.
Бо ибораи дигар, охирин катраҳои намии ҳаётбахшро кашида гирифта, иқтисоди фалаҷшудаистодаи Лаҳистонро наҷот медиҳанд – ҳатто дар ҳоле, ки агар аз бегазӣ иқтисодиёти худӣ маҳкум ба марг бошад.
Ба хотири ҳамон иқтисоди Лаҳистоне, ки дар тӯли мавҷудияташ дар дохили ИА аз ҳама бештар дотатсия мегирифт, яъне ки бе ин ҳам аз ҷиҳати молӣ савори гардани Олмони аз ҷиҳати молӣ доро буд.
То он даме, ки дар толор шунидаҳояшонро, ба қавле, ҳазм мекарданд, Роберт Хабек аллакай зарбаи сеюм ва мадҳушкунандаро зад.
Аз рӯи баҳодиҳии, бе истисно, ҳамаи мутахассисони соҳа, Русия, шартан, омода аст шартномаҳои амалкунанда бобати содироти газро идома диҳад ё васеътар намояд. Аммо пас аз таркишҳо дар се хати “Маҷрои Шимолӣ” бо назардошти иқтидорҳои ками боқимонда интиқоли газ бамаротиб кам шудааст, ва шартномаҳои навро бошад Маскав, бо дарки ҳолати ночори Брюссел, бо шартҳои тамоман дигар хоҳад баст.
Дар ҳамин ҳол, ҳини чунин ранг гирифтани кор аз ҷиҳати назариявӣ ҳам эҳтимолияти иштироки Украина дар ин нақша ба сифр баробар аст.
Вазъиятро ҳатто вориди фаъолонаи гази моеъ ба бозор аз ИМА низ дигар карда натавонист.
Вазири олмонӣ хотиррасон менамояд, ки сохтмони ягона дар минтақаи шимоли кишвар терминали азнавбагазтаъминкунӣ (амалиёти баргардонидани сӯзишвории моеъ ба ҳолати газӣ, ки баъди он қобили истифода тавассути қубурҳо мегардад), ки соли гузашта ҳукумат онро лозим донист, имрӯз кашол меёбад. Боварнокарданист, аммо ин ҷо Русия ягон гуноҳе надорад.
Ба амалишавии сохтмон сокинони маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҳифзи муҳити зист зид баромаданд – онҳое, ки бовар доранд, ки ба истифода додани чунин як иншоот ба табиати соҳил зарар мебинад. Хело кинояомез аст, ин амал ҳамнавои меъёрҳои ҳаракати сабз аст, ки онро худи Берлин фаъолона пеш мебурд, акнун худ ба девори бомароқ сохтааш бо пешонааш зад.
Маводи нашршудаи дуюм ҷиддӣ будани вазъиятро зери соя мемононад, зеро дар он саноатчиёни олмонӣ, азҷумла – намояндагони консерни RWE AG вонамуд доранд – оё мумкин аст сектори воқеии Олмон наҷот дода шавад - агар аз махзанҳои зеризаминии нигоҳдории газ дар ғарби Украина истифода баранд .
Айни замон махзанҳои зеризаминии гази Ҷаҳони Куҳан ба андозаи 70% пуранд. Зарфҳои зеризаминии вилояти Лвов бошанд фақат ба андозаи сеяк пуранд. Агар иқтидорҳои боқимондаро пур карда шаванду баъд ба Словакия, Лаҳистон, Австрия ва Олмон интиқол дода шаванд, ин фақат камаш 10-15 фоизи талаботро пӯшонида метавонаду халос.
Дар ҳамин ҳол омори ақлхиракунанда дастраси ҳамагон гардид.
Дар якуним соли охир Иттиҳоди Аврупо, ба хотири пешгирӣ аз воҳима дар бозор ва барои ҷуброн ба истеъмолкунандагони калидӣ аз истифодаи барқу сӯзишворӣ бо нархҳои рекордӣ, 646 миллиард евро сарф намудааст. Маҳз ана ҳамин маблағро агентии таҳлилии Bruegel чун мудохила баҳо медиҳад.
Фақат барои маълумот: ҳамаи буҷети низомии давлати моро таҳлилгарони ғарбӣ ба андозаи 65 -70 миллиард доллар баҳогузорӣ кардаанд, яъне ки тақрибар ба даҳ маротиба камтар аз он маблағе, ки ИА сарфи пешгирӣ аз ғарқшавии иқтисодиёти худ кардааст.
Нақшаи Украина бегумон қимати худро дорад
Маъхазҳои нигоҳдории гази моеи Украина дур аз маҳали амалиётҳои ҷангӣ воқеанд ва таърихан бо кишварҳои ҳамсоя бо қубурҳои монанди тори анкабут печида алоқаманданд, зеро интиқол аз он ҷо дар ҳақиқат ҳам метавонад ба хонаи ларзони аврупоӣ такяе шавад.
Муаммое, ки аз он боре ҳам дар маводи чопии ибтидоӣ ёд карда нашудааст, оддӣ ва камаҳмият аст. Махзанҳои зеризаминии украинири газро фақат бо гази русӣ пур кардан мумкин аст, ки ҷараёни ҷоришавии он бо кӯшиши ҳамаи иштирокдорони мухолифатҳои нави таърихӣ рӯз аз рӯз суст мегардад.
Вобаста ба ин, андешае ҷой дорад, ки ба Олаф Шолтс ва ҳамсафонаш зурур аст то оғози зимистон хондани ёсин ё гардонидани калима ҳини талвосаи ҷонро ёд гиранд. Лозим мешаванд.