https://sputnik.tj/20230616/vazorat-mehnati-rusiya-muhojiron-sokhtmon-rusho-raqobat-1057738271.html
Вазорати меҳнати Русия: муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо бо русҳо рақобат намекунанд
Вазорати меҳнати Русия: муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо бо русҳо рақобат намекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорат мегӯяд, таносуби онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор ва ҷойҳои холии ихтисосҳои корӣ дар соҳаи сохтмон ҳастанд, ба ҳадде зиёд аст, ки дар ин ҷо рақобат вуҷуд... 16.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-16T09:38+0500
2023-06-16T09:38+0500
2023-06-16T09:38+0500
дар русия
вазорати меҳнат
муҳоҷират
кор
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042224474_0:257:3071:1984_1920x0_80_0_0_b9de66f8c02b8c5bd99377accde2975a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд. Дар ин бора Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия зимни иҷлосияи "Муҳоҷирати оқилона: чӣ гуна бояд мушкилоти бозори меҳнат ва демографияро бидуни барангехтани низоъ дар ҷомеа ҳал кард" дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт. Вай қайд кард, ки таносуби корҷӯён ба ҷойҳои холӣ дар саноати истеҳсолӣ зиёд буда, талабот ба коргарони соҳаи сохтмон низ зиёд аст."Коргарони хориҷие, ки дар ин соҳа ҷалб шудаанд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд ва ба мо имкон медиҳанд, ки мушкилот, аз ҷумла мушкилоти барои иқтисод заруриро ҳал кунем", - гуфт Мухтиярова. Дар ҳамин ҳол, муовини вазир афзуд, бояд механизмҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ таҳия карда шаванд. Қаблан раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев қайд карда буд, ки сиёсати муҳоҷират дар робита ба вуруд ба қаламрави Русия бояд сахттарбошад. Барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ квотаҳои оқилона ва интихоби қатъии коргарон зарур аст.
https://sputnik.tj/20230615/shuro-huquq-bashar-rusiya-khostor-intikhob-daqiq-muhojiron-1057731902.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042224474_126:0:2857:2048_1920x0_80_0_0_9328089ec0352d37057eb4842b59f1c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, вазорати меҳнат, муҳоҷират, кор, сохтмон
дар русия, вазорати меҳнат, муҳоҷират, кор, сохтмон
Вазорати меҳнати Русия: муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳо бо русҳо рақобат намекунанд
Вазорат мегӯяд, таносуби онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор ва ҷойҳои холии ихтисосҳои корӣ дар соҳаи сохтмон ҳастанд, ба ҳадде зиёд аст, ки дар ин ҷо рақобат вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд.
Дар ин бора Елена Мухтиярова, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия зимни иҷлосияи "Муҳоҷирати оқилона: чӣ гуна бояд мушкилоти бозори меҳнат ва демографияро бидуни барангехтани низоъ дар ҷомеа ҳал кард" дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Меҳнати муҳоҷирон асосан барои корҳои пасти тахассусӣ ва ҳамчунин дар саноат ва сохтмон, ки талабот ба коргарон зиёд аст ва хориҷиён бо русҳо рақобат намекунанд, истифода мешавад", - афзуд намояндаи Вазорати меҳнат.
Вай қайд кард, ки таносуби корҷӯён ба ҷойҳои холӣ дар саноати истеҳсолӣ зиёд буда, талабот ба коргарони соҳаи сохтмон низ зиёд аст.
"Коргарони хориҷие, ки дар ин соҳа ҷалб шудаанд, бо шаҳрвандони Русия рақобат намекунанд ва ба мо имкон медиҳанд, ки мушкилот, аз ҷумла мушкилоти барои иқтисод заруриро ҳал кунем", - гуфт Мухтиярова.
Дар ҳамин ҳол, муовини вазир афзуд, бояд механизмҳои ҷалби муҳоҷирони корӣ таҳия карда шаванд.
Қаблан раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев қайд карда буд, ки сиёсати муҳоҷират дар робита ба вуруд ба қаламрави Русия бояд сахттарбошад. Барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ квотаҳои оқилона ва интихоби қатъии коргарон зарур аст.