Шӯрои ҳуқуқи башари Русия хостори интихоби дақиқтари муҳоҷирони корӣ шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башар бар ин назар аст, ки сиёсати муҳоҷират дар робита ба вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия бояд сангинтар шавад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Русия ба квотаҳои лозимӣ барои ҷалби муҳоҷирони корӣ ва интихоби ҷиддии коргарон ниёз дорад.
Ин андешаро роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев дар ҷаласаи мавзӯии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баён дошт.

"Бигзор он ширкатҳо, соҳаҳо, Вазорати рушди иқтисод муайян кунанд, ки чӣ қадар муҳоҷир лозим аст, нишон диҳад, ки ин қадар муҳоҷир лозим аст. Ва тибқи ин маълумотҳо, мо муҳоҷиронеро, ки ба Русия даъват мекунем, интихоб хоҳем кард", - гуфт Фадеев

Ба гуфтаи ӯ, сиёсати муҳоҷират дар мавриди вуруд ба қаламрави Русия бояд ниҳоят сахт бошад.
Вай қайд кард, коргаронеро, ки ҳатто забонро намедонанд, набояд даъват кард, зеро онҳо баъдан дар Русия анклав эҷод мекунанд.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Русия гирифтани шаҳрвандиро сода кард: ба киҳо дахл дорад
Ҳамзамон, ӯ даъват кард, ки барои мардуме, ки аллакай омадаанд, барои омӯхтан ва мутобиқ шудан тамоми имконот фароҳам оварда шавад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бузургтарин ҳамоиши иқтисодии Русия аст. Имсол он аз 14 то 17 июн сурат мегирад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи пажӯҳиши таҳлилгарон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шарикони муҳими "ҳамкориҳои имтиёзнок" бо Федератсияи Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0