Акси садои Сталинград: Олмон аз “Леопард”-ҳояш ноумед шуду роҳҳои ақибнишинӣ меҷӯяд

© AP / Michael SohnНемецкий танк Leopard 2
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Дар мулоқоти ахир бо рӯзноманигорон Владимир Путин хабар дод, ки дар ҷараёни “ҳамлаи ҷавобӣ”-и худ қувваҳои мусаллаҳи Украина дастикам 160 танкро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Кирилл Стрелников. Чанд соат аз ин пеш бошад, вазири дифои Олмон Писториус эълон дошт, ки артиши кишвараш наметавонад ба Украина ҳамаи танкҳоеро, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия вайрон ё нобуд карда шудаанд ва ё худ ғанимат гирифта шудаанд, ҷуброн намояд. Ин изҳорот ба талабҳои ҷунунгирифтаи намояндагони режими киевӣ бобати “ба се маротиба зиёд намудани” интиқоли танкҳои Leopard ҷавоб шуд.
Байни сатрҳои ин изҳорот равшан хондан мумкин аст: ”Мо ҳар чӣ аз дастамон меомад, кардем, шумо бошед, ба полимерҳо муҳаббат бастед, акнун худатон ҳисобашро ёбед”.
Олмониҳоро фаҳмидан мумкин: онҳо ҳеҷ намехостанд танкҳои худро ба Украина фиристанд ва барои ин то охир пойфишорӣ карданд, зеро ба хубӣ медонистанд, ки “Леопард”-ҳои дар боқимондаи майдонҳои Украина сӯхтаистода - худ бадтарин рекломи имконпазири “яроқи мӯъҷизанок”-и онҳост.
Ударные вертолеты Ка-52 уничтожили опорные пункты ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳавопаймоҳои Русия дар самти Краснолиманск ба мавқеъҳои Украина зарба заданд
Амрикоиҳо – онҳое, ки олмониҳоро қариб, ки бо калтак аз қафо тела мекарданд, ки танкҳояшро ба Украина интиқол диҳанд, дар ин ҳангом, қасамхӯрон бовар мекунониданд, ки худашон ҳам ба Украина танкҳои "Абрамс" хоҳанд фиристод, лекин, табиист, ки фиреб доданд – акнун Олмон барои “беҳтарин дар ҷаҳон” танксозии ғарбӣ бори шармандагиро ба танҳоӣ мекашад.

Аммо оғозаш хело ва хело хуб буд

Чун рекломҳо дар бораи интиқоли “Леопард”-ҳо ба қувваҳои мусаллаҳи Украина гардон шуданд, дар ВАО-и ғарбӣ дар сурат гӯё базме барпо шуд: дар тасвирҳо танкҳои олмонӣ ҳадяи деринтизори осмониро мемонданд, ки гӯё метавонанд бо як задан ӯрдуи бадхашми русро чаппагардон созанду ғалабаи Украинаро таъмин намоянд.
Экранҳои рекломи ғарбиро наворҳое, ба монанди “Барои чӣ аскарони рус аз танкҳои олмонии Leopard 2 метарсанд?” ва ё “Қарори Олмон бобати интиқоли танкҳо ба Украина - лаҳзаҳои калидии ҷанг хоҳад буд” пур карда буданд.
Вооружение ударного вертолета Ка-52 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Нобудсозии сартосарии зиреҳпӯшҳои Bradley дар Украина – поёни афсонаҳои ИМА
Коршиносони сершумор саҳлгирона тавассути ангуштонашон ба хонандагони ғарбӣ мефаҳмониданд, ки ҷараёни интиқоли танкҳои олмонӣ “зарфият дорад рафти ҷангро дигар кунад”, ки танкҳои замонавии ғарбӣ дар нобудсозии мавқеъҳои душман аз танкҳои русӣ ба як насл пешанд”, ки “танкҳои олмонӣ, бешубҳа, аз танкҳои русӣ беҳтаранд”, охир аз рӯи ҳаракатнокӣ, амният ва нерӯи оташандозӣ танкҳои олмонии Leopard 2 беҳтарин дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд.
Лекин, “яке аз беҳтарин танкҳои ҷаҳон“ аз чӣ сабаб бошад, ки бо яроқи русӣ ва бо рӯҳи русӣ мубориза бурда натавонист, ва ҳисоби танкҳои “Леопард”-и дар рӯзҳои охир корношоям кардашуда ва ё нобудшуда аллакай ба бист адад наздик шуда истодааст.
Ин маънои онро дорад, ки аз 60 танкҳои Leopard 2-и Олмон ба артиши Украина дода дар ҳолати охири моҳи май, аскарони русиягӣ ҳамагӣ дар давоми се рӯз сеякашонро нобуд сохтанд.
Хабарҳо дар бораи “Леопард”-ҳои сӯхтаистода чун сатили оби сард ба сарашон шуданд. Мақолаҳо дар бораи аскарони рус, ки бо дидани танкҳои олмонӣ гурез доштанд, шӯхиҳо дар бораи комбайнҳо, ки гӯё вазорати дифои Русия чун танкҳои задаи “Леопард” нишон медодод, гӯи кӣ ба ҳаво бухор шуданд. Ва ҷои ин ҳамаро гузоришҳои мотамӣ ва сафедкунанда гирифтанд:
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: ғайринизомисозии Украина бояд то Лвов бирасад
“Ҳатто танкҳои ҷангии аз ҳама замонавӣ ба монанди Leopard 2A6 –и Олмон интиқол дода ва ё худ Challenger 2- бритагиягӣ шикастнопазир нестанд”.
“Танкҳои ҷангии асосӣ ба рахна задани хати фронт кӯмак мерасонанд, аммо онҳо яроқи мӯъҷизанок нестанд. Албатта, Leopard 2 низ нобудшаванда аст”.
“Украина танкҳои ҷангии асосии олмонии Leopard 2-ро бори аввал ба ҷанг фиристод, ва ин бо фоҷеа анҷомид. Талаф ёфтани гурӯҳи ҷангӣ – ин шикасти Киев ва ғалабаи Русия мебошад“.
Ба ғайр аз ҳолати нанговаре, ки Олмон ба он гирифтор шуд, далели сирф иқтисодӣ низ ба болои сӯхта намакоб шуд.
Ҳар як Leopard 2 барои андозсупорандагони олмонӣ дастикам 32 миллион доллар меистад. Барои муқоиса: мушакҳои зиддитанкии "Корнет", ки дар Украина бомуваффақият “қуттичаҳоро қарсос мезанонанд”, ҳар ададшон на бештар аз 80 ҳазор доллар арзиш доранд (“Ҷавелинаи муқаддас” - 600 ҳазор доллар). Мувозинат дар тарфи кист, ҳатто ба Кличко низ фаҳмост.
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Захарова: Ҳукумати Украина ин масхарабоз бо роҳбарии НАТО ҳастанд
Кор то ба дараҷае расид, ки ба қисмҳои низомии артиши Украина дастурҳои таҳдидомез бо талаби “дар мӯҳлати то панҷ рӯз ёфтани сабабҳои талафёбии техникаи замонавии намунаи натогӣ” ворид мешуданд.
Ба он, ки сафедкуниашон бефоида аст, шубҳа нест. Артиши Украина бо ёфтани баҳонаҳои эҷодкорона дар ҳисоботҳо шӯҳратёр гаштааст.
Аммо бо назардошти он, ки дар саҳроҳои кишвари “404” дар якҷоягӣ бо “Леопард”-ҳо ҳамаи оҳани байналмилали натогӣ бо алангаи хуб сӯхтан дорад, омода намудани ҳисобот кори осон нест: таи ду рӯз низомиёни русиягӣ даҳҳо адад намудҳои гунногуни техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла – мошини ҷангии насли сеюми "Леопард", ки Финляндия фиристода буд, бронетранспортёрҳои амрикоии MaxxPro, танкҳои фаронсавии AMX-10RC, гаубитсаҳои лаҳистонии САУ Crab ва танкҳои Bradley-ро нобуд сохтанд.
Вақеан, охиронро таи ҳафтаи охир 16 адад нобуд сохтанд, яъне, ки 15 %-и ҳамаи чунин танкҳои ба Украина интиқол додашударо.
Ҳамагӣ, тибқи маълумоти сарчашмаҳои гунногун, аз моҳи феврали соли 2022 қувваҳои мусаллаҳи Украина наздик 4 000 адад техникаи ҷангиро талаф додааст, ки бо ин сарпарастони ғарбиро ба афсурдагии чуқур гирифтор намудааст
Фрегат Адмирал Горшков провел успешный пуск ракеты Циркон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Зарбаҳои шадиди артиши Русия ба макони истиқрори нерӯҳои Украина
Моҳи феврал вазорати иқтисоди Олмон барои интиқоли то 178 адад танки иловагии Leopard 1A5 ба Украина иҷозат дод, аммо ҳоло – пас аз фоҷеаи ранги леопард дошта – интизорӣ меравад, ки эҳтимол, ин супориш ё мавқуф гузошта шавад ва ё умуман лағв карда шавад.
Ҳатто ин интиқолҳо амалӣ гарданд ҳам, ҳеҷ аҳамияте надорад: мо боз як бори дигар нишон додем, ки ягон яроқи мӯъҷизаофари ғарбӣ наметавонад аскари русро ғалаба кунад. Агар лозим шавад, боз нишон медиҳем.
Лентаи хабарҳо
0