Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳавопаймоҳои Русия дар самти Краснолиманск ба мавқеъҳои Украина зарба заданд

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкУдарные вертолеты Ка-52 уничтожили опорные пункты ВСУ
Ударные вертолеты Ка-52 уничтожили опорные пункты ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Авиатсияи "Марказ" ба тамаркузи нерӯи корӣ, нерӯи оташфишон, истгоҳҳо ва анбори муҳимоти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарбаҳои мушакӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои гурӯҳи "Марказ" ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Краснолиманский зарба заданд.
Дар ин бора Александр Савчук, раҳбари маркази матбуотии ин гурӯҳ ба "РИА Новости" хабар дод.
"Ҳавопаймоҳои гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" ба тамаркузи нерӯи корӣ, нерӯи оташфишон, истгоҳҳо ва анбори лавозимоти ҷангии украинӣ дар самти Краснолиманск зарбаҳои мушакӣ анҷом доданд", - таъкид намуд Савчук.
Ба гуфтаи ӯ, артиллерия инчунин ҳангоми ҳаракат дар минтақаи аҳолинишини Торское ба қисмҳои бригадаи механиконидашудаи 63-уми сарбозони украинӣ ҳамла кард.
Бар асари ин ҳамла, низомиёни гурӯҳи "Марказ" як гаубитса ва муҳимоти дигари нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина танҳо дар ду ҷабҳа дар як шабонарӯз 800 сарбозашро аз даст дод
Раиси маркази матбуот ҳамчунин афзуд, ки экипажи системаи дифои ҳавоии "Оса-АКМ" дар манотиқи Рубижное ва Варваровка ду ҳавопаймои бесарнишини навъи "Фурия" -ро нобуд кардааст.
Қаблан низомиёни Русия мавқеъҳоеро, ки аз онҷо нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба сӯи вилояти Белгород тирандозӣ кардаанд, нобуд намуданд.
Лентаи хабарҳо
0