https://sputnik.tj/20230615/iqtisoddon-durnamo-bonk-islomi-rusiya-1057723723.html
Иқтисоддон дар бораи дурнамои бонкдории исломӣ дар Русия гуфт
Иқтисоддон дар бораи дурнамои бонкдории исломӣ дар Русия гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мизоҷони эҳтимолии ниҳодҳои молӣ, ки тибқи шариат фаъолият мекунанд, муҳоҷирони кории ба Русия рафтаанд
2023-06-15T09:35+0500
2023-06-15T09:35+0500
2023-06-15T09:35+0500
дар русия
иқтисод
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/11/1039492653_0:61:3073:1789_1920x0_80_0_0_c55f5c7131f4fcd0f8994f1ab9e4812c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳадди ақал ҳар панҷумин муомилоти молиявӣ дар Русия бояд ба принсипҳои бонкдории исломӣ мувофиқат кунад. Дар ин бора Илёс Зарипов, иқтисоддон, магистри молияи исломӣ, дотсенти кафедраи бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ва финтех-и Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гуфт. Илова бар ин, ба иттилои "РИА Новости", Зарипов зикр кардааст, муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия мераванд, муштариёни эҳтимолии чунин ниҳодҳои молӣ ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир дар кишвар қонуне вуҷуд надорад, ки бонкдории исломиро танзим кунад. "Дар маҷмӯъ, аз соли 2011 ба иқтисоди Русия аз рӯи принсипҳои исломӣ тақрибан 500 млн рубл сармоягузорӣ шудааст, ки ин маблағи зиёд нест ва қисме аз онҳо ба Сбербанк тааллуқ дорад, ки дар охири соли 2022 дар Қазон аввалин шӯъбаи исломиро боз кард", - гуфт коршинос. Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи татбиқи озмоишии бонкдории исломӣ қабул кард. Таҷрибае, ки 2 сол давом мекунад, Доғистон, Чеченистон, Бошқирдистон ва Тотористонро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20230519/bonki-markazi-tajriba-eron-rusiya-takror-1057232731.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/11/1039492653_106:0:2837:2048_1920x0_80_0_0_dc8977565b55941fba174207bef77cdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия бони исломӣ иқитисод
русия бони исломӣ иқитисод
Иқтисоддон дар бораи дурнамои бонкдории исломӣ дар Русия гуфт
Мизоҷони эҳтимолии ниҳодҳои молӣ, ки тибқи шариат фаъолият мекунанд, муҳоҷирони кории ба Русия рафтаанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳадди ақал ҳар панҷумин муомилоти молиявӣ дар Русия бояд ба принсипҳои бонкдории исломӣ мувофиқат кунад.
Дар ин бора Илёс Зарипов, иқтисоддон, магистри молияи исломӣ, дотсенти кафедраи бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ва финтех-и Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гуфт.
"Дар Русия айни замон ҳиссаи аҳолии мусулмон аз 18 то 20 %-ро ташкил медиҳад ва бар асоси ин, ҳадди ақал панҷяки тамоми дороиҳо ва тамоми амалиёти молиявӣ, аз нигоҳи ман, бояд дар асоси принсипҳои молиявии исломӣ сохта шаванд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, ба иттилои "РИА Новости", Зарипов зикр кардааст, муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия мераванд, муштариёни эҳтимолии чунин ниҳодҳои молӣ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир дар кишвар қонуне вуҷуд надорад, ки бонкдории исломиро танзим кунад.
"Дар маҷмӯъ, аз соли 2011 ба иқтисоди Русия аз рӯи принсипҳои исломӣ тақрибан 500 млн рубл сармоягузорӣ шудааст, ки ин маблағи зиёд нест ва қисме аз онҳо ба Сбербанк тааллуқ дорад, ки дар охири соли 2022 дар Қазон аввалин шӯъбаи исломиро боз кард", - гуфт коршинос.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи татбиқи озмоишии бонкдории исломӣ қабул кард.
Таҷрибае, ки 2 сол давом мекунад, Доғистон, Чеченистон, Бошқирдистон ва Тотористонро дар бар мегирад.