Бонки марказӣ: Таҷрибаи Эрон дар Русия такрор мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВалютная Биржа, архивное фото
Валютная Биржа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки барх имконоти сармоягузорӣ ба бозорҳои хориҷӣ маҳдуд мешавад, дороии шаҳрвандон ба бозори коғазҳои қиматноки дохилӣ сарозер мегарад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Бо гузашти айём дар бозори коғазҳои қиматноки Русия гузинаи эронии рушд амалӣ хоҳад шуд, изҳор дошт муовини аввали раиси Бонки марказии ФР, Владимир Чистюхин.
Ӯ зимни ҳамоиши "Русия - Ҷаҳони Ислом. KazanForum" изҳори боварӣ намуд, баъд аз чанд вақт сенарияи эронии рушди босуръати бозори саҳмияҳо дар Русия низ ногузир мебошад.
Вай тавзеҳ дод, ки ин рушди бозори коғазҳои қиматнок аз ҳисоби аҳолӣ ва сармояи дохилии Русия сурат хоҳад гирифт.
"Ман бовар дорам, ки пас аз чанд вақт мо сенарияи Эронро хоҳем дид, ки бо такя ба сармоягузори дохилӣ - шояд пас аз чанд вақт тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ - мо метавонем дар бозори коғазҳои қиматнок ба таври ҷиддӣ рушд кунем", - гуфт Чистюхин.
Президент РФ В. Путин провел встречи на полях саммита ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Созиши Путину Раисӣ барои бунёди роҳи пайвандгари шимолу ҷануб
Ин нуктаро ӯ ба суоли муовини аввали раиси Шӯрои Сбербанк Александр Ведяхин дар бораи имкони такрори "таҷрибаи эронӣ" дар Русия посух дод.
Вай қайд кард, ки нишондоди биржавии Эрон аз соли 2019 то соли 2020 ба далели он, ки дороии озоди аҳолӣ дучори маҳдудият сармоягузорӣ дар берун аз давлат шуд, ба бозори маҳаллӣ рафт ва рушди он 6 баробар афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ мебошад, ки 57 давлатро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0