Трамп эълони иттиҳомотро ба пешравияш дар роҳ ба Кохи Сафед рабт дод

© KENA BETANCURДональд Трамп, архивное фото
Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Пезиденти собиқи ИМА дар нахустин суханронии оммавии худ пас аз эълони иттиҳомот алайҳаш изҳор дошт, ки фаъолияти сиёсии худро идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Иттиҳомоту парвандаи ҷиноии навбатӣ ба муваффақиятҳо дар мубориза барои бозгашт ба Кохи Сафед рабт доранд.
Ин нуктаро президенти собиқи ИМА Доналд Трамп дар нахустин суханронии оммавии худ пас аз эълони иттиҳомот баён дошт.
Трамп, ки худро бегуноҳ медонад, ба нигоҳ доштани асноди махфии амнияти миллӣ ва монеъ шудан ба адолат муттаҳам мешавад.
"Ин иттиҳомоти хандаовар ва беасос алайҳи ман аз ҷониби "Вазорати беадолатӣ", ки маъмурияти Байден ба як абзори муборизаи сиёсӣ табдил додааст, ҳамчун яке аз даҳшатноктарин сӯиистифода аз қудрат дар таърихи кишвари мо хоҳад монд", - гуфт ӯ.
Экс-президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Ба Трамп то 400 соли зиндон таҳдид мекунад
Вай раисҷумҳури феълӣ, Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки кӯшиши ба зиндон андохтан "рақиби асли сиёсиеро дорад, ки дар назарсанҷиҳо бар ӯ пирӯз шудааст".
"Дарвоқеъ мо пирӯз шуда истодаем. Агар ин тавр намебуд, "шикор" намешуд, ҳеҷ гуна иттиҳом ҳам намешуд",- гуфт раисиҷумҳури собиқ ва ҳодисаи рухдодаро "дахолат ба интихобот" номид.
Трамп, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 ширкат мекунад, итминон дод, ки аз нақшаҳо ва ҳадафҳои сиёсии худ даст нахоҳад кашид.
Ахиран мақомоти ИМА алайҳи Доналд Трамп иттиҳомот эълон карданд, ки ба навиштаи расонаҳо дар сурати тасдиқи айбдо ба собиқ президент садҳо соли зиндон таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0