Ба Трамп то 400 соли зиндон таҳдид мекунад

© AFP 2023 / ANDREW KELLYЭкс-президент США Дональд Трамп
Экс-президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Сарвари собиқи Иёлоти Муттаҳида, ки ба бегуноҳии худ пофишорӣ мекунад, дар сурати собит шудани гуноҳаш ба ӯ то 400 соли зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Иттиҳом алайҳи президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар парвандаи асноди махфӣ пешбинӣ мекунад, ки ӯ метавонад дар маҷмӯъ 400 сол зиндонӣ шавад.
Дар ин бора дар матни айбнома, ки додгоҳи Майами рӯзи 9 июн нашр кардааст, гуфта мешавад.
Додситонии ИМА иддао дорад, ки раисиҷумҳури собиқ маълумоти марбут ба тавонмандиҳои низомӣ, нақшаҳо ва осебпазирии кишварро дар як манзили шахсии номуносиб, ки дар он даҳҳо ҳазор меҳмон дидан мекарданд, нигоҳ доштааст ва дар ду маврид сирри давлатиро ба бегонагон фош кардааст.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Трамп дигарбора аз ҷанги саввуми ҷаҳонӣ гуфт
Бархе аз иттиҳомоти марбут ба қонуни ба истилоҳ ҷосусӣ ва пинҳон кардани қасдан асноди махфӣ ва ҳамчунин иттилооте, ки барои амнияти миллӣ муҳим аст, иртибот доранд.
Бахши дигар ба ширкати Трамп ҳамроҳ бо ёвари Уолт Наута дар тавтеъа барои пӯшонидани ҷиноят марбут аст.
Дар ҳамин ҳол, президенти собиқи ИМА, ки рӯзи сешанбеи оянда ба додгоҳи Майами даъват шуда буд, дар Truth Social худ навишт, ки "мебинем".
Трамп қаблан ба иттиҳоми ҷиноӣ рӯбарӯ шуда буд. Ӯ гуноҳи худро эътироф намекунад.
Лентаи хабарҳо
0